«Тоҷикистон-кишвари ман»

«Тоҷикистон-кишвари ман»
Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона 9 апрели соли ҷорӣ миникофронс дар мавзӯи: «Тоҷикистон-кишвари ман» гузаронида шуд, ки дар кори он мудири кафедра дотсент н.и.т Саидмурадова Г.М., профессори фахрии кафедра Рахматов Н.А, ассистентони кафедра Исоева М.Ф, Чабборова Ю.Ю, Умарова Г.А, ординатори клинникии соли якуми хониши кафедра Абдураҳимов Д.Р. ва донишҷӯёни курсҳои 5 факултети тиббӣ, донишҷӯёни курси 6, факултети педиатрӣ иштирок намуданд. Дар аввал донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Шермирзоева Мафтуна оиди ин мавзӯъ бо намуди презентатсия баромад кард. Дар охири миниконфронс профессори фахрии кафедра Рахматов Н.А. баромад намуда, қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои боигариҳои зиёд мебошад ва яке аз вазифаҳои ҷонии ҷавонони имрӯза эҳтиёткорона муносибат намудан ба ин боигариҳо ва ҳифзу нигоҳдории онҳо мебошад.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, н.и.т дотсент, Саидмурадова Г.М.
22.04.2020     401

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php