Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир
10-марти соли 2020 дар кафедраи бемориҳоисироятии кӯдакона (пойгоҳи Беморхонаи клиникии сироятии кӯдаконаи ш. Душанбе) ҳамоиш дар мавзӯи «Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир» гузаронида шуд. Дар он профессори фахрии кафедра Раҳматов Н.А., асистентони кафедра Саидова С, Тулохов А,Неъматова М.Р., Ҷабборова Ю.Ю., ординаторни клинникии соли дуюми хониши кафедра Ҷонибеки Р, Умарова Г.А. ва донишҷӯёни курси 5 факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 47-50) ва донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 15-16) иштирок намуданд.
Дар аввали конфронс асистентони кафедра Негматова М.Р, суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд дар ҳолати мазкур нерӯҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ва тандӯсту ватанпарвар, миллат дӯсту мусулмон, алалхусус мо ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбем, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҳое, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоем, зеро дар натиҷаи гароиш ба ингуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзем.
Баъдан донишҷӯи курси 5 факултети педиатрӣ гурӯҳи 47 Бандишоева Дилноза бо призентасия баромад кард.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М
17.03.2020
309