Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир
Рӯзи 16-марти соли 2020 дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (пойгоҳи Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим) ҷамъомад баргузор шуд, ки масъалаи «Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир» матраҳ шуд. Дар он мудири кафедра дотсент н.и.т Саидмурадова Г.М., муаллимаи калон Мамадярова М.Г, мутассадӣ иод ба таълим Комилов И, асистенти кафедра Алиев М.И, Исоева М.Ф., ординатори клинникии соли якуми хониши кафедра Абдураҳимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 5 факултети тиббӣ (гурӯҳи 48) ва донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ (гурӯҳи 17) иштирок намуданд.
Асистенти кафедра Алиев М.И. зимни баромад таъкид кард, дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши терроризм ва экстремизм ва инчунин дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад. Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо зери ваъдҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояиватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.
Донишҷӯи курси 6 факултети тиббӣ гурӯҳи 17 Шерова Шукрона бо призентасия баромад кард.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона, дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М.
17.03.2020
364