«Рўзи Забон»
Рўзи 4-октябири соли 2019 дар кафедраи бемориҳои сироятии кўдакона (пойгоҳи Маркази Тиббии Шаҳрии ба номи Ахмедов Карим) мини – конфрос бахшида ба «Рўзи Забон» гузаронида шуд.
Дар аввали конфронс мудири кафедра дотсент н.и.т., Саидмурадова Г.М дар бораи аҳамиятнокии ин ҷашн сухан ронданд ва таъкид намуданд, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо як руқни давлатдорӣ мебошад. Аз рўйи диди сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсӣ муайян мегардад. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият тадбирҳои давлатӣ оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои он тадбирҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам меоранд.
Баъдан аз тарафи донишҷўёни курси 5 факултети педиатрии гурўҳи 6 Қосимов Муҳаммадҷабур, Бобосафарова Манижа, Азизова Мадина, Раҷабова Нилуфар аз таърихи забони тоҷики ва аз эҷодиёти шоирон шеърҳо қироат кардаанд (Аксҳо замима гардонида шудаанд).
Дар охири ин мини-конфронс муаллимаи калон Мамадярова М.Г аз номи худашон, ва аъзоёни кафедра ба донишҷўён миннатдорӣ изҳор намуданд. Оиди рўзи муаллимон сухан ронданд ва қайд намуданд, ки барои соҳиби касби табибӣ хониши мустаҳкам, ҳамавақт омодагии донишҷўён ба дарсҳои амалӣ бо якҷоягии кормандони кафедра бояд ҳамеша давом дода шавад.
Мудири кафедраи бемориҳои
сироятии кўдакона,
дотсент, н.и.т Саидмурадова Г.М.
08.10.2019
261