Истиқлолият неъмати бебаҳост

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона миниконфронс дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо иштироки фаъоли кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 52,53,54,55 ва 56-и курси 5-уми факултети тиббӣ баргузор гардид.

Мудири кафедра Саидмуродова Г.М. оид ба  дастовардҳои беназири даврони истиқлолият суханронӣ намуд.

Донишҷӯи курси 5-уми ФТ, гурӯҳи 56 Деминова Камила низ бо маърӯза дар мавзӯи «Муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият» баромад намуда, қайд кард, ки  мо ҷавонон ояндасози миллати хеш ҳастем, бояд рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиамонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон нерӯю дониши худро дареғ надорем.

 Бобоева З. Р.   мутасаддӣ оид ба тарбия

Саидмурадова Г. М.    мудири кафедра н.и.т., дотсент 

16.09.2020     139

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php