Баргузории конфронс
Дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (пойгоҳи Маркази тиббии шаҳрӣ ва БКШ БСК) санаи 14.01. соли 2019 конфронс бахшида дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд.
Ҳамаи аъзоёни кафедра ва донишҷӯёни курси 5-ум ва 6-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд.
Бо суханронии мудири кафедра профессори фахрии донишгоҳ Раҳматов Н.А. конфронс оғоз шуда ба ҳамаи иштироккунандагон хайрамақдам гуфтанд.
Баъдан, ассистенти кафедра оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷонибеки Р.И. низ бо маърӯза дар бораи Паёми Президент баромад намуд.
Дар охири чорабинӣ донишҷӯёни курсҳои 5-ум баромад намуда, ба аъзоёни кафедра ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.