Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷой
Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» бахшида ба Рузи муаллим дар мавзӯи «Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷой» миниконфронс гузаронид. Чорабинӣ бо иштироки муаллимаи калони кафедра Фузайлова М.С., ассистентони кафедра Комилов И.А., Чонибеки Р.И., Умарова Г.А., Бобоева З.Р., Маҷонова М.Ҷ., Исоева М.Ф., Додова М., ординатори клиникии соли дуюми таҳсил дар кафедра Абдурахимов Д.Р. ва донишҷӯёни курси 5-уми факултаи тиббӣ (гурӯҳҳои 42, 43, 46) баргузор гардид .
Муаллимаи калони кафедра Фузайлова М.С.дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки омӯзгор табиби ақли инсон аст. Ақлҳоро пурра, чашмро пурнур, оинаи хирадро равшан, роҳи каҷро рост, забони лолро бурро месозад. Дар ҳаёти инсон саҳми устод дар тарбияи насли наврас басо калон аст.
Донишҷӯи гурӯҳи 46-и курси 5-уми ФТ Маҳмадуллои Зикрулло маърӯзаи дар мавзӯи «Қадри устодат бидон, то қадри худ орӣ ба ҷой» (бо забони тоҷикӣ) омоданамудаашро ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Мудири кафедраи бемориҳои сироятии
кӯдакона н.и.т., дотсент - Саидмурадова Г. М.
Мутасаддӣ оиди тарбия - Бобоева З. Р.