Базаи клиники

Базаҳои клиникии кафедраро шӯъбаҳои сироятии кӯдакона (120 кат) дар назди беморхонаи клиникии шаҳрии №2 (ҳозира маркази тиббии шаҳрӣ), Беморхонаи сироятии кӯдакона (310 кат) ва Беморхонаи клиникии сироятии шаҳрӣ (210 кат) ташкил менамоянд.
Машғулиятҳои таълимӣ дар кафедра ба донишҷӯёни бахшҳои 5-6-уми факултаҳои умумитиббӣ, муолиҷавӣ, педиатрӣ, дандонпизишкӣ ба тариқи марҳила –сиклӣ гузаронида мешуданд. Донишҷӯёни бахши 5-ум бо кӯдакони бемор, ки дорои аломатҳои ин ё он сироятҳои ҳавогӣ –катравӣ, рӯдавӣ ва ғайра шинос мегарданд. Ҳангоми омӯзиши шифоии мафҳумҳои алоҳидаи патологияи сирояти кӯдакон бештар ба бахшҳои вогиршиносӣ, имроз, аломатҳои сарирӣ, тасниф, ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои сироятии кӯдакона, таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешуданд.
Субординаторон –педиатрон дар бахши 6-ум мустақилона зери роҳбарии ассистентон дар базаҳо беморонро доир ба мавзӯъҳои дарсӣ, азназаргузаронӣ менамоянд, дар шӯъбаҳо навбатдорӣ менамоянд, дар маҷлисҳои пагоҳорӯзонаи пизишкон, дар конференсияҳои беморхона, дар азназгузаронии беморон аз тарафи мудири кафедра ва дотсентон иштирок менамоянд. Дар назди бистари беморон ҳангоми баҳси аёни сироят ба пуррагӣ бахшҳои ташхис, ташхиси тафриқавӣ, намунаи гузориши ташхиси сарирӣ, мақсади муолиҷа, тартиби ҷавобдиҳӣ аз беморхона, тавсия оиди назорати диспансерӣ ва пешгирӣ омӯзонда мешаванд.
Аз соли 1978 кафедра бо мақсади тайёр намудани сироятпизишкони кӯдакона дар факултаи тахасуснокии пизишкони донишгоҳ ва ординатураи клиникӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар солҳои минбаъда ҳайати омӯзгорони кафедра ба тайёр намудани педиатрон ва сироятпизишкони интерна роҳбарӣ менамуданд, ва ҳамчун аъзои комиссияи имтиҳонии Вазорати тандурустии Ҷумҳуриамон, мудири кафедра ва дотсентон аттестатсияи пизишконро мегузарониданд, аз хатмкунандагони пизишкони интерна имтиҳон мегирифтанд. Ҳамасола кафедра 2-4 ординаторони клиникиро тайёр менамоянд, дар солҳои охир аз лиҳози дохил намудани магистратура дар кафедра 4-6 магистр таълим меомӯхтанд. Инчунин дар кафедра магистрони ихтисосҳои гуногун-неонотологон, фтизиатрон , асабпизишкон, магистрони пизишкони оилавӣ таълим менамоянд.
28.01.2020     27

Гузариш ба саҳифаи: