Фаъолияти илмӣ

Дар зери роҳбарии Исмоилов К.И як қатор олимони ҷавон аз ҷумла Давлатова С.Н. «Адаптационные возможности сердечно-сосудистой системы у детей с анемиями» (2009 с.), Ходжаева Н.Н. «Клинико-иммунологические особенности у детей с анемиями» (2012 с.), Кудратова С.Н. «Особенности гомеостаза у детей раннего возраста с острыми бактериальными пневмониями» (2013 с), Мухаммаднабиева Ф.А. «Клинико-иммунологические особенности течения геморрагических диатезов у детей» (2018 с.), Артыкова Т.К. «Клинико-параклинические особенности течения вегето-сосудистой дистонии у детей» (2018 с.), Юсупова М.А. «Клинико-иммунологическая характеристика внутриутробных смешанных инфекций у новорождённых» (2018 с.) рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд.
Профессор Исмаилов К.И. муаллифи зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва фишурдаҳо буда 21 коркардҳову маводҳои омӯзиширо таълиф намудаст ва дорои 3 пешниҳоди навоварона мебошад.
Дар давраи фаъолият аз ҷониби кормандони кафедра зиёда аз 30 коркардҳову маводҳои таълимӣ-методӣ, ки 3-тои онҳо бо забони хориҷӣ мебошад. Дар кафедра аз ҷониби кормандон 2 китоби дарсӣ бо забони русӣ ва тоҷикӣ навишта шудааст.
Тадқиқотҳои илмӣ дар кафедра бештар ба ҳолати системаи кардиореспираторӣ дар кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногуни соматикӣ бахшида шудаанд. Дар давоми 5 соли охир дар кафедра 284 тадқиқоти илмӣ гузаронида шудааст, ки аз ин миқдор 107 адад бо намуди фишурда ва 172 адад бо намуди мақолаҳои илмӣ нашр гардиданд ва 43 адади онҳо дар маҷаллаҳои гуногуни тасдиқкунандаи КОА-и Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шуда буданд.
Кормандони имрӯзаи кафедра доктори илмҳои тиб, профессор К.И. Исмаилов, досентон З.А. Муҳитдинова, З.А. Тоҷибаева, С.Н. Давлатова, н.и.т. Н.Н. Ходжаева, Ф.А. Мухаммаднабиева, М.А. Юсупова, С.Т. Давлатова, С.А. Расулова, М.М. Шарипова ва ассистент Н.М. Қурбонов мебошанд.
06.02.2020     21

Гузариш ба саҳифаи: