Фаъолияти омӯзишӣ

Кафедра дар ҳудуди бинои №11-и МД ММТ ҶТ ҷойгир буда дорои 15 ҳуҷраи дарсӣ ва озмоишгоҳ мебошад.
Воҳиди кории кафедра 15,5 воҳидро ташкил медиҳад. Ҳайати профессорону омӯзгорон дар кафедра аз 1 профессор (ҳамзамон доктори илмҳои тиб), 9 номзади илмҳои тиб, ки аз онҳо 2 нафар досент ва 7 нафар ассистент иборат мебошанд.
Ба донишҷӯёни курси 6 машғулиятҳо дар асоси барномаи корӣ ва нақшаи тартибдодаи шӯъбаи таълим гузаронида мешавад. Барои донишҷӯёни курси 6 дарсҳо ба таври сиклӣ гузаронида мешаванд. Дар вақти гузаштани сикли педиатрия донишҷӯён дар шӯъбаҳои кӯдакони навзод, бемориҳои кӯдакони синни бармаҳал ва калон дарсҳои амалӣ мегузаранд. Дар ҷараёни дарсҳо донишҷӯён ба таври ҳатмӣ 1 маротиба дар 1 моҳ ба сифати ёрдамчии духтур навбатдорӣ мекунанд. Онҳо рӯзномаҳои таърихи бемориро навишта дар конфронсҳои пагоҳирӯзӣ баромад мекунанд ва беморонро маъруза карда 2-3 беморро дар зери назорати духутрон табобат мекунанд. Дар охири ҳар сикл бо иштироки досентон ва мудири кафедра дарси ҷамъбастӣ гузаронида мешавад.
Донишҷӯёни курси 5 дар кафедра хусусиятҳои раванди бемориҳои кӯдакони навзоди расида ва норасид, бемориҳои модарзодӣ, ташхиси тафриқавии бемориҳо, табобат ва ташхиси бемориҳои гематологиро меомӯзанд.
Дар раванди ҳар як машғулияти амалӣ коркардҳои дарсӣ барои донишҷӯён ва устодон, бо нишондоди нақшаи кории ҳаррӯза, аз рӯи соатҳои ҷудошуда, тарзи гузаронидани машғулиятҳо ва номгӯи адабиёт иборат аст истифода бурда мешавад. Тақрибан 50% машғулияти амалӣ дар назди беморон дар ҳуҷраҳо мегузарад. Дар раванди дарс маводҳои аёнӣ бо намуди нақшаҳо, аксҳои рентгенӣ, ЭКГ, таҳлилҳои лабораторӣ ва иқтибоси таърихи беморӣ истифода бурда мешаванд.
06.02.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: