ТАШРИФИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ КEДАКОНАИ №1 БА ХОБГОҲИ №5.
Санаи 12-уми декабри соли 2019 ассистенти кафедра Бақоев Ф.С. дар хобгоҳи №5 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буданд. Дар ваrти ташриф дар хобго{ донишxeён баъд аз та{сил {озир буданд. Қисми донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Қисми дигарашон ба тайёр намудани хӯроки шом машғул буданд.
Дар рафти навбатдорӣ бо донишҷӯён шинос шуда, дар якҷоягӣ ҳуҷраҳои зисти онҳо аз назар гузаронида шуд. Дар ошхона, хонаи зист, ҳоҷатхонаю ҳаммом на ҳама шароит муҳайё карда шудааст (дар ошёнаи писарон яхдон ва мошина ҷомашуи нест, ҳуҷраи ҷомашуӣ ва ҳаммом дар як ҳуҷра, майдонча дар назди бино нест, дар ҳуҷраҳо лампаҳо якто ҳастанд, ки равшанӣ кам медиҳад).
Дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит ҳаст, аммо китобхонаи электронӣ нест. Дар хобгоҳ барои донишҷӯён мағоза кушода шудааст. Бо донишҷӯён дар мавзуи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Вазифйаи донишҷӯён дар назди давлат ва ҷомеа” сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавӯъ баён намуданд.
Дар навбати худ бо духтарони хобгоҳ оиди одобу интизом, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, тарзи дурусти либоспӯшӣ сӯҳбатҳо ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд гузаронида шуд.
Дар ошёнаи дуюм на ҳамаи плитаҳои хӯроктайёркунӣ кор мекарданд. Аз коменданти хобгоҳ муроҷиат карда шуд, ки таъмир намоянд.
Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ Ҳотамова М.Н.
14.12.2019
212