Ташрифи кафедраи бемориҳои кeдаконаи №1 ба хобгоҳи №4.

Санаи 18-уми январи соли 2019 ассистенти кафедра Бадалова З.А. дар хобгоҳи №4 ва №7 аз соати 18:00 то 20:00 навбатдор буд.

Дар ваrти ташриф дар хобгоҳ донишҷӯён баъд аз таҳсил ҳозир буданд. Қисми донишҷӯён дар китобхонаи хобгоҳ ба тайёр намудани дарсҳои худ машғул буданд. Дар рафти навбатдорӣ бо донишҷӯён шинос шуда, дар якҷоягӣ ҳар ошёнаҳои зисти онҳо аз назар гузаронида шуд. Дар хобгоҳи №4 шароити зисти донишҷӯён хеле хуб буд. Дар ошхона, хонаи зист, ҳоҷатхонаю ҳаммом шароит муҳайё мебошад. Дар китобхонаи хобгоҳ барои дарстайёркунӣ шароит ҳаст.

Бо донишҷӯён сӯҳбатҳо оиди тайёрии донишҷӯён ба имтиҳонҳои дар пешистода гузаронида шуд. Инчунин сӯҳбатҳо барои тозаю озода нигоҳ доштани ин ҳуҷраҳо гузаронида шуд.

Дар вақти навбатдорӣ ягон қонунвайронкунӣ аз тарафи донишҷӯён дида нашуд.

25.01.2019     245

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php