Таҳаммулпазирии миллати тоҷик – омили асосии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон
18-сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи бемориҳои кўдаконаи №1 чорабинии фаҳангӣ дар мавзўи “Таҳаммулпазирии миллати тоҷик – омили асосии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”гузаронида шуд. Дар оғози ин чорабинӣ дотсенти кафедра н.и.т., Қобилова Б.Х. баромад карда, қайд намуд, ки сулҳ ва ваҳдат ин рамзи ҳастии миллат, пойдории миллат ва нишонаи хиради азалии миллатро нишон медиҳад. Тоҷикон аз қарни пеш дорои таърих, фарҳанг, расму оини худ буданд, ки бо он ифтихор мекарданд. Бадхоҳон ба сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми сарбаландамон неш зада, боиси бадбинӣ ва ошубҳо гардид дар мисоли солҳои 1992 то солҳои 1997.
Сипас бо маъруза ва видеороликҳо донишҷўи курси 4 гурўҳи 2 Баҳриев Бежан баромад кард. Дар давраи пуртуғёни таърихӣ, ки наздикшавӣ ба нестшавии миллат меовард, шахсе пайдо гардид, ки давлати тоҷиконро бунёд намуд ва сулҳ ва ваҳдатро пойдор ва барқарор намуд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Миллати сарсону парешонгаштаи тоҷик бо сарвари одилу нодири худ тавонистанд сулҳу ягонагиро дубора ба даст оварда, аз вартаи ҷангу бадбининиҳо раҳоӣ ёбанд.
Дар охири ин чорабинӣ донишҷўён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин паём баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
20.09.2019
1910