Сарбаланди гар бихоҳӣ...

Сарбаланди гар бихоҳӣ...            20 январи соли 2020 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Сарбаландӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош!” гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Бадалова З.А. оид ба муҳтавои мавзӯъ каме маълумот доданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки инсони якрӯву якбинд дар ҳама давру замон мақому манзалати ҳоссае дошт, вале ашхоси бӯқаламунсират ҳеҷ гоҳ дурри мақсуд ба даст наовардааанд. Ин бояд ба имрӯзиён дарси ибрат шавад, аммо, мутаассифона, кас аз муносибати афроде чун намояндагони ташкилоти экстремистию террористӣ ва косалесонашон ангушти ҳайрат газида, меандешад, ки наход ки баҳри ҷоҳу мансаб, курсӣ шахс ватани худро ба як пули пучак фурӯшад, хоҳони он шавад, ки барои соҳибгардӣ ба моқоме ин гуна мансабгадоён ба сари миллати хеш офатҳо орад (чунонки солҳои 90-уми асри гузашта бархе аз чунин тоифа ба чунин амали носавоб даст заданд). Донишҷӯ Ашуров Насим қайд намуд, ки “ Сар то пои чунин афродро дуруягӣ, мунофиқӣ фаро гирифтааст. Шоир мегӯяд, ки : Мунофиқро мадон ёри мувофиқ, Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ. Ин нафарон ҳеҷ гоҳ ба одам дӯст намешаванд, зеро аз афроде, ки нисбат ба ватану миллаташ хиёнаткориро пеша кардаааст, чашми неқӣ интизор шудан аз сабукфикрист. Дар охири ин чорабинӣ донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро иди ин масъалабаён намуданд. 
 Г.С. Мамадҷонова, мудири кафедра н.и.т., досент 
М.Н.Ҳотамова, мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент

20.01.2020     403

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php