"Роғун муҷассамаи истиқлолияти Тоҷикистон аст"

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накуст,
Хамфикрй зи иттиход падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамь хама ба иттифоқи ватанаш.
Имрўз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.
Тоҷикистон кишваре мебошад, ки қувваи кории барзиёд ва маъданҳои зиёди зеризаминӣ дорад. Зарурати барқи Роғун дар он аст, ки якум мо метавонем, коркарди захираҳои куҳиро васеъ ба роҳ монем, аз ин ҳисоб ҷойҳои кории зиёде эҷод кунем ва тавонем, ки як силсила занҷираи истеҳсолиро то тайёр намудани маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрўз босарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту хашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Имрӯз барои мо тоҷикистониён рӯзи фарахбахшу таърихист. Дар рӯзи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун ин хушбахтии ҳар як фарди тоҷику тоҷикистониён мебошад. Кушодашавии агрегати дуют шодмонии мардумро дучанд афзуд, ки рамзи саодату кафили рушди минбаъдаи кишвар аст. Вақте ки, Пешвои сулҳовару тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сарбандҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дидан карда, баъдан ба фаъолияти агрегат оғоз бахшиданд, бовар дорам, он лаҳзаҳо дили ҳар сокини ватандӯст пур аз фараҳ буд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.
Имруз миллати тоник рохбару рохнамо, рохбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалй Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро рохбаладй мекунад. Имруз миллати точик давлати абарқудрат, демократй, дунявй, созанда ва хукукбунёд дорад. Имруз ин миллат мукаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имруз мардуми точик ба бунёди иншоотхои бузурги аср ба мисли Неругохи Барки Рогун машгул аст.
Барқи Роғун ба хонаи ҳар яки мову шумо ворид гашта, онро рўшан месозад, зиндагиамонро шукўҳу шаҳомати нав мебахшад. Ҳар яки мо бояд фахр кунем, ки фарзандони бо ору номус ва соҳибкасби Тоҷикистон бо роҳбари ояндабини худ қодир ҳастанд ҳар гуна муаммоҳои ҷомеаи имрўзаи моро ҳал кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба хусус наврасону ҷавононро лозим аст, ки ин ҳама заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намуда, бо аз бар намудани донишҳои замонавӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Кормандони кафедраи бемориҳои кўдаконаи №1
МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино».
17.09.2019     270

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php