Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ

Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ
Оид ба риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ, этикети фарҳанги либоспӯшӣ ва хилатҳои тиббии тавсиявӣ бо омӯзгорон ва донишљӯёни курси 4 ФТ гурӯҳҳои 61,62,63,64,65,66,67,68 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни донишгоҳро оид ба ҳар як фасли сол барои муаллимон, духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни донишгоҳи мо бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии донишҷӯён зараровар мебошанд, худдорӣ карда шавад.
Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар симои донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагиро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд. Донишҷӯёни донишгоҳи мо яке аз донишгоҳҳое мебошад, ки номи табибро дар бар мегирад ва пӯшидани чунин либосҳои тавсия шуда, ба номи ҳар як донишҷӯ муносиб ва хос мебошад.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадљонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
26.09.2019     881

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php