Рӯзи Президент

Рӯзи Президент
Иштирок намуданд: Иштирок доштанд: мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бақоев Ф.С. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 4 ФТ (гурӯҳҳои 33,34,35,36,37,38,39).
Санаи 15 ноябр чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба Рӯзи Президент гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ дотсенти кафедра Қобилова Б.Ҳ. баромад карда, қайд намуданд, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид”, ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 36 бо призентатсия ва маърӯзаҳо баромад намуданд. Сабаби ба иг рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон шакли Ҷумҳурии Президентӣ табдил дода шуд.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
16.11.2019     205

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php