РӮЗИ МУАЛЛИМ
Дар Кафедраи бемориҳои кудаконаи №1 бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., Қобилова Б.Ҳ., Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бакоев Ф.С., инчунин донишҷӯёни курси 4 ФТ гуруҳои 56, 57, 58, 59 ва 60 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ бахшида ба рӯзи муаллимон таҳти унвони “Рӯзи муаллим!” баргузор гашт.
Дар оғоз ассистенти кафедра Алишерова Н.А. суханронӣ намуда, қайд кард: “Муаллим, омузгор – вожахое мебошанд, ки барои фарзанди инсон ошною мукаддасанд. Зери ин калимахои бузург омузандаи илму дониш, фархангу маърифат ва адаб тачассум меёбад. Муаллим шахсест басо азиз, зеро аз хурдӣ моро илму адаб омухта, дар руҳияи зебоипарастиву Ватандӯстӣ ба воя мерасонад. Муаллим, ки дар баробари волидон мунису ғамхор аст, шогирдро бо олами маънӣ ва илму адаб ошно месозад.”
Сипас донишҷӯёни курси 4 ФТ гурӯҳи 58 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯён Бобоева Шукрона ва Негматова Дилноза бо презентасия баромад намуда, чунин иброз доштанд: “ Омузгор вазифаи нихоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз шебу фароз фарзанди инсониятро илм савод меомузонад ва таълиму тарбия менамояд, ки чандон кори осон нест. Муаллим, ба кавли бузургон, мухандиси руҳии инсон аст. Тавре ки мухандис накша ё созмони ягон кореро ташкил медихад, муаллим низ аз рузи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онхоро ба хаёти солими оянда омода месозад.”
Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омузгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рузгор.
Қадри у хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли у касе болонишин дар ҳар макон.
Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.
Мудири кафедраи
бемориҳои кудаконаи № 1 н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.