Рӯзи 11октябр дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 11октябр дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кафедраи бемориҳои кудаконаи № 1 чорабинии фарҳангӣ – таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!” бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., ассистенти кафедра Махмудова М.М. инчунин донишҷӯёни курси 4- уми ФТ гуруњҳои 66, 67, 68, 69 баргузор гардид.

Дар аввал ассистенти кафедра Бақоев Ф.С. қайд намуд, ки “Рӯзи 11октябр дар Тоҷикистон маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи қариб сисолаи Тоҷикистони мустақил мебошад. Имсол барои баргузории интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ омода мешаванд. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар шаҳрвандон ҳуқуқи овоз доданро доранд.”

Сипас донишҷӯёни курси 4-уми ФТ гурӯҳи 68 бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Донишҷӯ Исомҷонов Асрор зимни презентатсияи худ қайд намуд, ки “Дар ҷаҳони муосир интихобот шакли асосӣ   ва зарурии зуҳури шахрвандон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил медиҳанд ва бо ин амал фаъолияти   ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

Аз ин хотир, дар кишвар барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, ки халқ тавонад бевосита Сарвари давлату вакилонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот намояд, тамоми шароит муҳайё карда шудаааст. Илова ба ин, Тоҷикистон ҳамчун узви комилхукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалӣ оид ба интихоботро эътироф намуда, қонунгузорӣ оид ба   интихоботро дар заминаи онҳо   такмил додааст. Ба ифодаи дигар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба арзишҳои   демократии байналмилалӣ ва стандартҳои эътирофшудаи   ҷаҳонӣ пурра мувофиқ аст.”

Дар анҷоми ҷаласа муаллимону донишҷӯён   фикру мулоњизањои худро баён намуданд. 

Мудири кафедра н.и.т., досент      Мамадҷонова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент   Ҳотамова М.Н.

28.09.2020     136

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php