Оби тоза омили пешгирикунандаи беморихои сироятӣ

Оби тоза омили пешгирикунандаи беморихои сироятӣ

Дар мавзӯӣ “Оби тоза омили пешгирикунандаи беморихои сироятӣ” дар кафедраи бемориҳои кудаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ  гузаронида шуд. Дар аввали чорабини муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш.  суханронӣ намуда, оиди мухимияти оби тоза барои ҳаёт    қайд карданд: “Дар рӯи замин оби тозаи ошомиданӣ рӯз то рӯз ниҳоят кам шуда истодааст, ҳатто минтақаҳою мамлакатҳое ҳастанд, ки оби тозаи ошомиданиро аз ҷойҳои дурдаст мекашонанд”.

Баъдан, донишҷӯи курси 4 ФТ гурӯҳи 66 Борунов Ҳузайф бо маърӯзаи “Об - манбаи ҳаёт” баромад карда, дар бораи кӯлу дарёҳои ҷумҳуриямон, ки мамлакати моро бо оби тоза таъмин менамоянд маълумоти пурра дод.

Инчунин  донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Ҳикматзода Маърифат бо маърӯзаи “Бемориҳои сироятии бо об паҳншаванда”  ба ҳозирин маълумоти пурра дод, ки барои донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ва умуман барои табибони оянда ниҳоят зарур мебошад. 

Дар охир бо сухани хотимавӣ муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. муҳимияти эҳтиёт кардан ва сарфакорона истифода бурдани оби тозаи ошомиданиро таъкид намуд. 

Донишҷӯён ба суолҳои худ  посух гирифтанд. Маҷлис бо ибрози ақидаҳои тарафайн ба анҷом расид.

   Мудири кафедра н.и.т., досент                Мамадҷонова  Г.С.

   Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент   Ҳотамова М.Н. 

     

28.09.2020     155

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php