“Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”

“Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”
Дар аввали чорабинӣ мудири кафера Ҳотамова М.Н. баромад карда қайд намуданд, ки оила сарчашмаест, ки кӯдак тавассути он таҷрибаи таърихию иҷтимоӣ ва таҷрибаи муносиботҳои ҳиссӣ ва хислатҳоро барои худ касб мекунад. Кӯдакон тарбияи дурустро на танҳо аз суханони калонсолон, балки бештар аз рафторашон қабул мекунанд.
Агар дар омӯзиши таълим ва тарбияи кӯдак ҳақиқатро аз таҷрибаи ҳаёт бештар истифода кунем, пас, кӯдак он комёбӣ ва нобарориҳои ҳаётро бо ақли худомӯхта, муқоиса карда, некро аз бад ҷудо намуда, вазифаи ба ӯ вобасташударо бо фикру андешаҳои тару тозаи худ, ки олам то ҳол аз он бехабар аст, меофарад.
Сипас донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд. Мавқеи оила дар тарбияи фарзанд борҳо расонаӣ шуда, дар ин боб мақолаву маърӯзаҳои зиёде нашр гаштааст. Гӯем, ки масъалаи асосии замонаи мо ҳам ҳаст хато нахоҳем кард. Ин талабот буд, ки соли 2015 – ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон намуда буданд.
Барҳақ оила дар тарбияи кӯдак мақоми махсусеро ишғол мекунад. Оила мактаби муҳими таълиму тарбия дар роҳи ба воя расонидани инсони солиму комил ба ҷомеа буда ва хоҳад монд. Вақте ки тифл таваллуд мешавад аз оғози ҳаёт ҳама он меъёрҳои зиндагиро, ки дар оила ҳукмфармост, меомӯзад. Ӯ аввалин таҷрибаи ҳаёти худро маҳз аз оила мегирад. Обрӯи падару модар дар ҷомеа ба тарбияи фарзанд таъсири калон мерасонад. Вазъи ногувори оила метавонад сарчашмаи асосии пайдоиши тарс дар вуҷуди кӯдак гардад.
Дар охир аз тарафи муаллимон ва донишҷӯён оиди ин мавзӯъ баҳзу мунозира шуд, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
22.11.2019     244

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php