Конвенсияи ҳуқуқи кўдак
16-сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи бемориҳои кўдаконаи №1 чорабинии фаҳангӣ дар мавзўи “Конвенсияи ҳуқуқи кўдак” дар байни донишҷўёни курси 6 ФНТЧ гурўҳҳои 1ва 2 бо роҳбарии ассистенти кафедра Бадалова З.А. гузаронида шуд. Дар оғози ин чорабинӣ муаллима Бадалова З.А. баромад карда қайд намуд, ки Конвенсияи ҳуқуқи кудак — Санади ҳуқуқии байналмилалӣ аст. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.
2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кўшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меовард. Инсоният ба қабули ин ҳуҷҷат тадриҷан ва бо роҳи дуру дароз расид.
Сипас бо маъруза донишҷўи курси 6 гурўҳи 2 Чакалов Алишер баромад кард. Конвенсия нахустин ҳуҷҷати байналмилалии ҳатмии юридикие мебошад, ки доираи ин қадар васеи ҳуқуқҳои инсон – ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифтааст. Бо таҳияи Конвенсия гурӯҳи кории таъсисдодаи Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ, ки аз ашхоси махсус фиристодаи ҳукуматҳо, ҳамчунин намояндагони як қатор мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, чун масалан, Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНИСЕФ, ИКОГ СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иборат буданд, машғул шуд. Асоси консепсияи вусъат бахшидани имкониятҳои кўдак буда, эътирофи кўдак ба сифати субъекти соҳибэҳтиром ва узви ҷомеа ба он мақсад аст, ки ақидаҳо ва интизориҳои маҳдудсозандаю табъӣ нисбат ба одамони ҷавон дигаргун гарданд.
Дар охири ин чорабинӣ донишҷўён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин конвенсия баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
18.09.2019
2522