Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак

Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак

Санаи 11-декабри соли равон ассистени кафедра Ҳотамова М.Н. бо донишҷӯёни курси 4-факултаи педиатрӣ гурӯҳи 2 соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак” гузаронданд. Донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Акбарии Фарзона бо презентатсия баромад кард.

Дар ин конвенсия хама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад.

Давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро нисбати ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, асли миллӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидайн ё сарпарасти қонунии ӯ ё ягон ҳолотҳои дигар эҳтиром ва таъмин менамоянд.

Кудак ҳуқуқ дорад ақидаи худро озодона баён намояд. Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро ба озодии ақида, виҷдон ва дин эҳтиром менамоянд.

Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд, донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

  

Мамадҷонова Г.С., мудири кафедра  н.и.т., досент 

Ҳотамова М.Н.Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистент

                                               

 

13.12.2019     638

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php