Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак
Бо иштироки муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. ва донишҷӯёни курси 4 ФП гуруҳи 6-ум дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” гузаронида шуд.
Дар аввали чорабинӣ муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. дар бобати “Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак” сухан ронда, қайд кард, ки дар ин конвенсия ҳамагуна мавҷудоти инсонии то синни 18сола кӯдак ҳисобида мешавад.
Донишҷӯ Қурбонова Парвина бо презентасияи худ баромад намуда, таъкид кард: “Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро ба озодии ақида, виҷдон ва дин эҳтиром карда, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинишударо таъмин менамоянд, зеро кӯдак ҳуқуқи озодона баён намудани ақидаи худро дорад ”.
Дар охир ба дониҷӯён дар атрофи ин мавзӯъ саволҳо дода шуд ва онон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент - Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, ассистент - Ҳотамова М.Н.