“Конвенсия дар бораи хуқуқҳои кӯдакон”

“Конвенсия дар бораи хуқуқҳои кӯдакон”
Иштирок намуданд: Роҳбари гурӯҳ муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш ва донишҷӯёни гурӯҳи 1-и бахши 4 ФП .
Дар санаи 21 декабри соли 2019 бахшида ба “Конвенсия дар бораи хуқуқҳои кӯдакон” дар кафедра бо донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар аввали чорабини муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш қайд намуданд, ки “Дар ин конвенсия ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18 сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи конуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад он пештар ба синни балоғат нарасида бошад. Давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин конвенсия пешбинӣ гардонидаро нисбати ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад бидуни ягон табъиз, сарфи назар аз наҷод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин алокаи сиёсий ва акидаи дигар, асли миллй, вазъии саломатӣ ва таваллуди кӯдак волидайн ё сарпарасти конунии у ё ягон холатҳои дигар эхтиром ва таъмин менаояд. Кӯдак ҳуқуқ дорад акидаи худро озодона баён намояд. Давлатхои аъзо хукуки кудакро ба озодии акида, вичдон ва дин эхтиром менамояд.
Сипас донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд. Маърӯзачи Саидова Марҳабо расонид, ки Ковенсия аз 54 модда иборат аст.
Дар охир ба донишчуён оиди ин мавзуъ саволхо дода шуд, донишчуён фикру мулохизахои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
24.12.2019     339

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php