«Кӯдакон-ояндаи мову шумо»

«Кӯдакон-ояндаи мову шумо»
Иштирок намуданд: мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бақоев Ф.С. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни курси 6 Фт (гурӯҳҳои 19,21,23,25).
Санаи 30 декабр чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба мавзӯӣ «Кӯдакон-ояндаи мову шумо» гузаронида шуд. Дар аввали чорабинӣ мудири кафедра н.и.т дотсент Мамадҷонова Г.С. кайд намуданд, ки “Дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст,ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо калонсолон вобаста аст. Инро бояд ҳар яки мо дар хотир дошта бошем.
Сипас донишҷӯёни курси 6 ФТ гурӯҳи 19 бо маърӯза баромад карданд. Инчунин саҳначаҳои тайёр кардаашонро ба тамошобинон пешкаш намуданд.
Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
«Кӯдакон-ояндаи мову шумо»
«Кӯдакон-ояндаи мову шумо»
«Кӯдакон-ояндаи мову шумо»
30.12.2019     434

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php