Дарси Сулҳ ва Дониш дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

Дарси Сулҳ ва Дониш дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1

1-сентябри соли ҷорӣ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 дарси Сулҳ ва Дониш гузаронида шуд. Дар оғози дарси кушод профессори кафедра н.и.т., Аминов Ҳ.Ҷ. ҳамаи донишҷӯёнро бо оғози соли хониш табрик намуда, ба хониши оянда муваффақият таманно намуданд. Сипас, ассистени кафедра Ҳотамова М.Н. донишҷӯёнро табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки “Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Имсол "Дарси сулҳ" бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мо муаллимони кафедра бо ҳамроҳии донишҷӯён ба воситаи оинаи нилгун Паёми Президенти ҶТ тамошо намудем. Дар суханронии худ мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ аз таҳдиду хатарҳои асри 21 ёдовар шуданд ва гуфтанд, ки: "Экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ ва дигар таҳдидҳо аз чолишҳои аслӣ мебошанд. Дар пешорӯи ин таҳдидҳо "масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти хосса касб мекунад”.

Дар охир донишҷӯён низ мулоҳизаронӣ карданд.

Г.С. Мамадҷонова,  Мудири кафедра н.и.т., досент

М.Н. Ҳотамова, мутассадӣ оиди корҳои тарбия, ассистент 


03.09.2019     308

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php