Чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “5500-солагии шаҳри кадимаи Саразм!”

Чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “5500-солагии шаҳри кадимаи Саразм!”

Бо иштироки  мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., Қобилова Б.Ҳ.,  Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Махмудова М.М., Бакоев Ф.С., инчунин донишҷӯёни курси 6 ФТ гуруҳои 45,47,49,51  дар кафедраи “Бемориҳои кудаконаи № 1”  чорабинии фарҳангии таблиғотӣ дар мавзӯӣ “5500-солагии шаҳри кадимаи Саразм!” гузаронида шуд.

Сараввал  мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамачонова.ГС., бо суханони: - “Саразм – таҷассумгари  тамаддуни куҳани тоҷикон аст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро хифз намуда, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати  куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи  мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”, - каме маълумот дод.

Сипас  донишҷӯёни курси 6  ФТ гурӯҳи 51 бо  маърӯзаҳо  баромад  намуданд.  Аз ҷумла донишҷӯ  Рузизода  Омина бо презентатсия  баромад  карда , қайд намуд:- “Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ  намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда  донистанд.
Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд,  ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате  ҳувияти  хешро поянда  нигоҳ дошта метавонад,  ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву  меҳанпарастӣ  тарбия ёфта,  дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор  бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд”.

Мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою  гузаштаи  пурғановати  хеш  миёни дигар халқиятҳо  маъруф гаштааст. Сарчашмаҳои таърихӣ  гувоҳӣ ба он  медиҳанд, ки бозёфтҳои  маданияти  қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда,  аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии  мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд . Намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2020 мизбони яке аз чорабиниҳои  фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ,  яъне таҷлили ёдгории қадимаи Саразм  мебошад.

Чорабинӣ бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни устодону донишҷуён анҷом ёфт.

Мудири кафедра н.и.т., досент        Мамадҷонова  Г.С. 

Мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ассистент       Ҳотамова М.Н. 

14.09.2020     153

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php