Чорабинии фарҳангӣ

Чорабинии фарҳангӣ
Санаи 22 феврал дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бахшида ба рӯзи “ Артиши миллӣ” чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар аввал н.и.т дотсенти кафедра Қобилова Б.Х баромад намуда, қайд карданд, ки мо бояд шукронаи истиклолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем.
Донишҷӯёни курси 6 гурӯҳи 5 ФП чорабиниро аеш бурда, Холдорова Муниса маърӯзаи худро баҳри иштирокчиён пешкаш намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Инчунин оиди ин мавзӯъ саҳнача, шеъру суруд ва суханҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, сулҳу суботи миллат омода намуданд.
Дар охир аз тарафи донишҷӯён ба марӯзачиён саволҳо оиди мавзӯҳои баромадкардаашон дода шуд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамаджанова Г.С.

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.


24.02.2020     325

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php