Чорабинии фарҳангӣ – тарбиявӣ

Чорабинии фарҳангӣ – тарбиявӣ

Санаи 9-уми феврали соли 2019 дар кафедра бо донишҷӯён оиди паём чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар аввал ассистенти кафедра Ҳотамова М.Н. бо якчанд сухан баромад намуданд.

Донишҷӯи курси 6, гурӯҳи 9 Амирхонов Зуҳурбек ва Буриева Машҳура баромад намуда, аз се дастовардҳои муҳими соли 2018 гуфта гузаштанд. Дар ҳақиқат ҳам соли 2018 соли таърихӣ буд. 22 –уми марти соли ҷорӣ дар рӯзи байналмиллалии захираҳои об даҳсолаи байналмиллалии амал “об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Санҷиши кормандони соҳаи маориф ва даъват ба омӯзиши забони русӣ ва англисӣ аз тарафи Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дода шуд. Инчунин аз тарафи Ҷаноби Олӣ фармон дода шуд, ки ёрии аввалияи тиббӣ дар тамоми муассисаҳои тиббиии кишвар ройгон буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки аз бемор маблағ ва доруворӣ талаб намояд.

Соли 2020 ҷашни 5500 солагии яке аз ёдгориҳои бостонии кишвар – шаҳри қадимаи Саразм доир карда шавад.

Дар охир аз тарафи муаллимон ва донишҷўён оиди ин паём баҳзу мунозира шуд, донишҷўён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин паём баён намуданд.

15.02.2019     269

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php