Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!”

Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон!”

Дар кафедраи  бемориҳои кудаконаи № 1 бо иштироки мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., ассистенти кафедра Махмудова М.М. инчунин донишҷӯёни курси  4-уми  ФТ  гуруҳҳои  67 ва 68 чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ дар мавзӯӣ “Интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон!” гузаронида шуд.  Дар аввали чорабинӣ ассистенти кафедра Махмудова М.М., суханронӣ намуданд: “Чунонки  маълум  аст, 11 октябри  соли 2020 интихоботи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон баргузор мегардад, ки барои иштирок дар он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Итифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардидааст. Муҳимияти  иштироки  ҳар як шахс дар чорабинии интихоботӣ муҳим буда, барои ҳаёти сиёсии ҳар як шаҳрванд нақши калон мебозад.”

Донишҷӯёни гуруҳи 67  Ёқубов  Раҳматҷон, Тағайназаров Улуғбек ва Табаров  Сомон  маърӯзаи омодасохтаашонро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Дар  бораи  дастоварду пешравиҳои дар давоми ҳафт соли гузашта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, маҳсули заҳмати  софдилонаи  халқи  Тоҷикистон ва ояндаи дурахшон доштани Тоҷикистони азизамон маълумот доданд.  Ҳамчунин қайд карда шуд, ки танҳо  бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  фаъолият кардани  ҳар як сокини мамлакат, метавонад зиндагии шоиставу шароити боз ҳам  беҳтарро барои мо  муҳайё  созад.

 Дар охир ба донишҷӯён марбут ба мавзӯъ  саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро  баён намуданд.                                       

Мудири кафедра н.и.т., досент   - Мамадҷонова  Г.С. 

Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент – Ҳотамова М.     

 

28.09.2020     140

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php