Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба Иди Меҳргон

Санаи 14 октябр чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба Иди Меҳргон гузаронида шуд.. Дар аввали чорабинӣ муаллими калони кафедра Умаров Ҳ.У. бо якчанд сухан баромад намуда, каме аз таърихи ин ҷашнвора маълумот доданд: “Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”
Донишҷӯёни гурӯҳи 62 бо презентатсия ва маърӯзаҳо баромад намуда, қайд карданд, «Меҳргон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи тайи ҳазорҳо сол паймудаи халқи мо дар арсаи таърих, тамаддун бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум аст. Бисёр маълумот ва номҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, ҳанӯз дар забони падару бобоёни мо зинда аст. Вале санги маҳак ва назму тартиби ин суннату анъанаҳои ойини куҳани мардуми Эронзаминро Маздаясно ба вуҷуд меоварад. Бахшида ба ин ид дар бозори “Меҳргон” ва боғи ботаникӣ ярмарка гузаронида шуд.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мамадҷонова Г.С., мудири кафедра, н.и.т., досент
Ҳотамова М.Н., мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистент

21.10.2019     216

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php