Чорабини оид ба даҳсолаи “Об барои рушди устувор. Солҳои 2018 – 2027”

Чорабини оид ба даҳсолаи “Об барои рушди устувор. Солҳои 2018 – 2027”
Дар санаи 25.12.2019 донишҷӯёни гурӯҳи 1-уми курси 4 факултаи педиатрӣ таҳти роҳбарии муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. дар кафедра чорабини оид ба даҳсолаи “Об барои рушди устувор. Солҳои 2018 – 2027” гузарониданд. Дар чорабини гурӯҳи 2-ми курси 4-и факултаи педиатрӣ низ иштирок доштанд. Сараввал муаллими калони кафедра Самиева Н.Ш. дар баромадашон қайд намуданд, ки оби тоза барои ҳаёт ва инкишофи тамоми мавҷудоти зинда ниҳоят муҳим аст, аммо афсӯс, ки сол аз сол бо мурури замон ҳаҷми оби нӯшоки кам шуда истодааст. Донишҷӯи гурӯҳи 1 – ум Ятимов Муҳаммад дар ин мавзӯъ презентатсияи пурмазмун ва зебое пешниҳод намуда, доир ба ин масъала марӯъзаи омода сохтаашро ба диққати ҷамъомадагон расонид. Дар маърӯзааш сабаб ва мақсади эълон шудани даҳсолаи обро шарҳ дод. Инчунин маълумот оиди миқдори оби нӯшоки дар ҷумҳурии мо барраси намуд.
Сипас донишҷӯёни курси 4 ФП гурӯҳи 1 бо презентатсия ва векторина бахшида ба “Об барои рушди устувор “пешкаш намуданд.
Дар охир ба донишҷӯён оиди ин мавзӯъ саволҳо дода шуд. Муаллимон ва донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
Чорабини оид ба даҳсолаи “Об барои рушди устувор. Солҳои 2018 – 2027”
Чорабини оид ба даҳсолаи “Об барои рушди устувор. Солҳои 2018 – 2027”
27.12.2019     295

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php