Боздиди донишҷӯён аз Боғи устод Рӯдакӣ

Боздиди донишҷӯён аз Боғи устод  Рӯдакӣ
Санаи 02.10.2019 мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. донишҷӯёни бахши 6 ФП (гурӯҳи 3)-ро барои тамошои боғи Устод Рудакӣ ҳамроҳӣ намуд.
Боғи устод Рӯдакӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва аз ҷониби шарқ бо хиёбони асосии шаҳр - Рӯдакӣ рӯ ба рӯ аст. Масоҳати боғ ба 8 гектар мерасад. Соли 2007 ин боғ, ки боғи Ленин номгузорӣ шуда буд, азнавсозӣ гардида, боғи Устод Рӯдакӣ ном гирифт. Ин боғ дар рӯ ба рӯи Қасри Миллат ҷойгир аст ва муҷассамаи ёдгории шоири классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бахшида ба 1150-солагии шоир қомат афрохта буд, ҳусни асосии ин боғи фарҳангиву фароғатист.
Мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. ба донишҷӯён аз таърихи ин боғ ва мавқеи устод Рӯдакӣ дар адабиёт, ки чун сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс эътироф шудааст, маълумот дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки устод Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё аст. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш оғоз шуда, қариб 70 сол давом кардааст. Устод Рӯдакӣ дорои истеъдоди фавқулодда буда, бузургтарин асарҳоро дар муддати кӯтоҳ эҷод намудааст.
Ҳамасола санаи 5 октябр “Рӯзи Забон” ва “ Рӯзи Рӯдакӣ “ дар давлати мо ҷашн гирифта мешавад.
Мудири кафедра н.и.т., досент Мамадҷонова Г.С.
Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ ассистент Ҳотамова М.Н.
04.10.2019     205

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php