Боздид аз осорхона

Боздид аз осорхона
5 феврал ассистенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 Бадалова З.А. бо ҳамроҳии донишҷӯён азОсорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар давоми шиносоӣ бо осорхона донишҷӯён дар бораи таъриху тамадуни халқи тоҷик биёр маълумотҳои тоза пайдо намуданд. Аввалин экспонтаҳои осорхона соли 1934 дар асоси бозёфтҳои бостоншиносии Базаи тоҷикистонии Академияи Илмҳои ИҶШС ҷамъ оварда шуда ба намоиш гузошта шуда буданд. Он ҳамагӣ 530 номгӯйро дар бар мегирифт. Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 1996 ташкил шуда, аз соли 2001 барои тамошобинон дарҳои худро боз кардааст. Ин осорхона муҷаҳазтарин аз осорхонаҳои Тоҷикистон аст. Пайкараи 13 метрии Буддо дар ин осорхона нигаҳдорӣ мешавад, ки ба фехристи мероси фархангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Дар осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон панҷ ҳазор намунаи осор ва нигора нигаҳдорӣ мешавад, ки тамоми он аз қаламрави Тоҷикистони имрӯз бар асари ҳафриёт бозёфт шудааст. Ин осор ба се давраи бостон асри санг, асри биринҷ ва давраи оҳан бармегардад. Ин осорест, ки аз соли 1946 то кунун аз ҷониби гурӯҳҳои бостоншиносии шӯравии пешин ва Тоҷикистон бозёфт шудааст.
Г.С. Мамадҷонова, мудири кафедра, н.и.т., досент

М.Н.Ҳотамова, мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ
06.02.2020     336

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php