Таърихи кафедра


Кафедраи ҷарроҳии ҳоспиталӣ (айни замон бемориҳои ҷарроҳии № 2) 11 июни соли 1943 ташкил ёфтааст. Аз рӯзи ташкилёбӣ кафедра комилан барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ ва илмӣ саъю кӯшиш намудааст. Дар баробари он аз ҷониби кормандони кафедра равишҳои зиёди илми тибб омӯхта шуда, навовариҳо дар соҳаи ҷарроҳии бемориҳои қафаси сина ва ковокии шикам, миёнадевор, системаи дилу рагҳои хунгард, рагхои асаби периферӣ ва ғайра дар амал татбиқ карда шудаанд.
Якумин мудири кафедра профессор Александр Ефимович Мангейм (солҳои 1943-1945) буд. Номбурда дар тайёр намудани ҳайати омӯзгорон, ташкил намудани корҳои табобатӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар байни ҳайати ҷавони кафедра саҳми калон гузоштааст.
Аллакай дар ҳамон солҳо кафедра оид ба ворид намудани усулҳои муосири ташхисӣ ва табобатӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ кушиши зиёд намудааст. Аз ҷумла, ба роҳ мондани амалиётҳои реконструктивӣ ва тармимӣ ҳангоми деформатсияҳои рӯй бо истифода аз поячаи Филатов, резексияи шушҳо ва пулмонэктомия ҳангоми бемориҳои фасодноки шушҳо, тармими берун аз қафасисинагии сурхрӯда аз ҳисоби рӯдаи борик ба амал оварда шуд. Сарварии ин методҳои ҷарроҳиро мудири кафедра, корманди шоистаи илм, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Николай Федорович Березкин (солҳои 1945-1956) ба ӯҳда дошт. Дар ин солҳо Ҷамъияти ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Кормандони каферда аввалин пионерон оид ба проблемаи аллопластика ҳангоми чурраҳои навташкилшуда ва такроршуда дар Иттифоқи шуравии пешина ба ҳисоб мераванд.
Корҳои васеи клиникӣ-эксперименталӣ дар ин соҳа бо сарварии мудири кафедра Николай Зосимович Монаков (солҳои 1956-1968) ба роҳ монда шудаанд. Профессор Монаков Н.З. корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзо корреспонденти илмҳои ҷумҳурӣ буд.
Зимни сарварии ӯ натиҷаи корҳо бо ҳимояи якчанд корҳои номзадӣ ва докторӣ анҷом пазируфтанд. Бояд қайд намуд, ки дар он солҳо хишти аввалин дар соҳаи табобати ғайрикашишии чурраҳо гузошта шуда буд, ки айни замон дар табобати беморон бо чурраҳои калон ва гигантӣ, чурраҳои пас аз ҷарроҳӣ басо машҳур мебошад. Маводи асосӣ ба сифати протез капрони полифилӣ ба ҳисоб мерафт, ки онро худи кормандони кафедра ба таври дастбоф тайёр менамуданд. Пас аз гузаштани таҷриба ин мавод ба соҳаи ҷарроҳӣ ворид карда шуд ва то рӯзҳои наздик берун аз ҷумҳурӣ низ истифода бурда мешуд.
Равиши дигари корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра омухтани натиҷабахшии глюкокортикоидҳо бо мақсади пешгирӣ ва табобати кафшерҳои узвҳои дохили шикам буд, ки то ҳол аҳамияти актуалии худро гум накардааст.
Дар тули бештар аз 40 сол (солҳои 1970-2010) мудири кафедраро академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи илм, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Усмонов Неъматулло Усмонович ба ӯҳда дошт. Ин марҳила бо он фарқ мекунад, ки беморхонаҳои бисёртахассусии махсусгардонидашуда бо диапазони калони фаъолияти илмӣ-таҳиқотӣ ва клиникӣ ташкил карда шуд. Кафедра ва пойгоҳи клиникии он – Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии илмии дилу рагҳо ба яке аз марказҳои машҳур на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он табдил ёфт.
Таи 40 соли охир кафедра бо мушкилоти ҷарроҳии шуш ва узвҳои миёнадевор машғул буд. Дар таҷрибаи клиникӣ усулҳои муосири ташхис, таботати консервативӣ ва ҷарроҳии бемориҳои шуш ва плевра, аз он ҷумла деструксияҳои шадиди сироятии шуш ва эхинококкоз ба пуррагӣ ворид карда шуданд,
Таи солҳо мушкилоти мубрами ҷарроҳӣ сӯхтагии сурхрӯда ва тангшавии он ҳисобида мешуд. Дар ҷарроҳии реконструктивӣ-барқарорсозии сурхруда ба таври натиҷабахш эзофагопластикаи фарогир бо истифода аз рудаи борик ба амал татбиқ карда шуд. Ҳамзамон зимни ин патологияи мазкур усули микроҷарроҳии ивазкунии сурхрӯда аз ҳисоби рӯдаи реваскуляризатсияшуда ба таври васеъ ба кор бурда бурда шуд.
Дар ҷарроҳии ахалазияи қисми кардиалии меъда то ҳол усули кардиофундопликатсия, истифода бурда мешавад, ки аз ҷониби профессор Н.У.Усмонов пешниҳод карда шудааст. Яке аз патологияҳои хоси минтақаи мо – эхинококкоз низ аҳамияти калон дорад, ки дар кафедра якчанд навъ муолиҷаи муосири ҷарроҳии беморӣ дар амал татбиқ гардидааст. Бо мақсади аз байн набурдани узв ва ё ҳаҷман калон қатъ нашудани он усулҳои лапароскопии ҷарроҳӣ низ аввалин бор дар кафедра ба кор бурда шуд.
Алгоритми истифодаи фибробронхоскопия дар ташхис ва муолиҷаи эхинококкози аворизшуда пешниҳод гардид ва эхинококкэктомияи торакоскопӣ аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ иҷро карда шуд, ки дар ягон мамолики собиқ иттиҳоди шуравӣ вуҷуд надошт.
Амалиётҳои ҷарроҳӣ бештар ҳангоми омосҳо ва кистаҳои миёнадевор иҷро карда мешуд. Яке аз саҳмҳои асосии кафедра дар табобати бемории басо вазнин- миастения дида мешавад. Айни замон амалиётҳои душвори реконструктивӣ ҳангоми тангшавии лаҳими трахея, ба монанди резексияи сиркулярии трахея, трахеопластика бо истифода аз найчаи Т монанд ва бартараф намудани дефекти девораи пеши трахея бо лоскутҳои микроҷарроҳӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.
Ҷарроҳии ғадудҳои болои гурда, ки дар солҳои 70-уми қарни бист пешниҳод гардида буд, дар даҳсолаи охир ба пуррагӣ истифода бурда мешаванд, ки фавтноки пас аз буридани омосҳои мураккаби гормонҳои фаъоли ғадудҳои болои гурда дида намешавад.
Кафедра яке аз саромадонҳои холедохоскопия ҳангоми бемориҳои узвҳо ва роҳҳои талхагард, ҷарроҳиҳои реконструктивӣ-барқарорсозии иллати ятрогении холедох ба ҳисоб меравад. Аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони кафедра ҳангоми сиррози ҷигар анастомозҳои порто-кавалӣ ва узвӣ, склеротерапияи эндоскопӣ ҳангоми хунравӣ аз сурхрӯда, ки сабаби он васеъшавии варидҳои ин узв мебошад, ба ҷой оварда шудааст.
Аз соли 1975 инҷониб дар пойгоҳи кафедра шуъбаи ҷарроҳии рагҳои хунград фаъолият менамояд. Кормандони кафедра аз мутахассисони ботаҷрибаи ин шӯъба ба ҳисоб мераванд. Айни замон дар таҷрибаи ин шуъба ҳама навъҳои усули инвазивӣ ва ғайриолоишии ташхис, тарзҳои муолиҷа зимни бемориҳои системаи вариду шараёнҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.
Тарзҳои табобатӣ-ташхисӣ ҳангоми норасоии музмини варидӣ, бемории пас аз тромбоз ва захмҳои трофикии варидӣ ҳам ба таври традитсионӣ ва ҳам бо усулҳои рентгеноэндоваскулярӣ, лазерӣ ва технологияи эндоскопӣ ба пуррагӣ истифода бурда мешаванд.
Доираи воридоти илмӣ-амалиявӣ ҳангоми бемориҳои системаи рагҳои хунгард васеъ мебошад. Айни замон тарзҳои ташхис ва истифодаи тарзҳои мураккаби ҷарроҳӣ ҳангоми бемории окклюзиякунандаи рагҳои хунгард, ки майнаи сарро бо хун таъмин менамоянд, истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон ҷарроҳиҳои мураккаб дар аснои синдроми аппертураи болоии синаӣ, ишемияи музмини брахиалӣ, ишемияи музмини абдоминалӣ, гипертензияи вазореналӣ, аневризмаи шоҳраг ва шараёнҳои магистралӣ ба ҷой оварда мешаванд, ки дар дигар бемористонҳо иҷрои онҳо ғайриимкон мебошад. Якчанд ҷарроҳиҳои оригиналӣ ба монанади резексияи трансаксилярии қабурғаи якум, симпатэктомияи селективии гарданӣ-қафаси синагӣ, аз он ҷумла бо тарзи торакоскопӣ ҳангоми синдроми аппертураи болоӣ ва бемории Рейно дар амал ба тарви пурра истифода бурда мешаванд.
Тарзҳои реваскуляризатсияи андоми боло вобаста аз сатҳи ҷойгирии осебҳо ба тартиб дароварда шудаанд ва истифода бурда мешаванд. Ҳангоми окклюзияи сершумори рагҳои хунгарди андомҳои боло ва поён аввалин маротиба реваскуляризатсияи андомҳо бо кучати чарбуи калон бо истифодабарии техникаи микроҷарроҳӣ ба ҷой оварда шуд, ки дар ҷаҳон шабеҳ надорад. Дар аснои конфликтӣ локалӣ дар ҷумҳурӣ кормандони кафедра равишҳои муолиҷаи ҷарроҳии захмҳои рагҳои хунгардро, ки сабаби онҳо истифодаи яроқи оташфишон буд, ба тарви комил омӯхтанд. Сабабҳои дер муроҷиат намудани беморон бо захмҳои рагҳои хунгард ба маркази махсусгардонидашуда ва хатогиҳои тактикӣ ҳангоми табобати ин беморон аз ҷониби дигар беморхонаҳо омӯхта шуданд. Дар баробари ин ҳаҷм ва пайвастагии иҷрои амалиётҳои ҷароҳӣ ҳангоми осебҳои омехта ва муштараки рагҳои хунгард ва якҷоягии онҳо бо осебнокшавии дигар узвҳо муайян карда шуданд.
Системаи гемостази адекватӣ ҳангоми осебнокшавии рагҳои хунгард дар мавзеъҳои мураккаби бадан (шараёни сурин ва интракраниалӣ) бо роҳи бастани дусистемавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми ишемияи буҳронии андомҳо бо сабаби истифодаи яроқи оташфишон меъёрҳои ишемияи андом, нишондодҳо ва техникаи ампутатсияи андом ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он нишонод оризаҳо ва фавтноки паст гаридидааст, ҳамзамон басомади ампутатсияи андом низ паст шудааст. Ба ин равиши кор аз ҷониби олимони берун аз ҷумҳурӣ баҳои баланд дода шудааст. Дар айни замон бештар аз 200 намуди ҷарроҳиҳои гуногун дар амал татбиқ гардидаанд.
Дар даҳсолаи охир дар амалия тарзҳои рентгеноэндоваскулярии ташхис ва табобати бемориҳои рагҳои хунгард ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Реканализатсияи вибромеханикӣ ҳангоми иллати окклюзиякунандаи шараёнҳо ба ин мисол шуда метавонад. Алтернативаи ӯ имрӯз ангиопластикаи дилятатсионии шараёнҳо бо гузоштани стентҳо ҳангоми иллатнокшавии рагҳои брахиосефалӣ, шараёнҳои гурдаҳо ва рагҳои магистралии андомҳо мебошад.
Қайд намудан зарур аст, ки аллакай дар солҳои 80-уми асри гузашта кормандони кафедра корҳои зиёди таҷрибавиро оид ба омӯзиши таъсири факторҳои экстремалии баландкӯҳ ба раванди васлшавии захмҳо ба сомон расонида буданд. Корҳои илмӣ дар таҷриба оид ба таъсири лазери пастбасомади гелий-неонӣ бараванди таҷдиди захмҳои аз яроқи оташфишон ба вуқуъ омада ва захмҳои термикӣ ба организм омӯхта шуда, пас аз он ба таври пурра дар амал татбиқ гардидаанд.
Яке аз мушкилоти мубрам ва мураккаб ин ҷарроҳии соҳаи дил ба ҳисоб меравад, ки тули солҳои зиёдест, ки ҳалли худро наёфта буд. Сараввал дар солҳои 60-уми асри гузашта комиссуротомияи пушидаи митралӣ, бастани маҷрои артериалии кушода, перикарэктомия ҳангоми перикардити часпанда иҷро карда мешуданд. Аз соли 1988 ин ҷониб амалиётҳо дар дили кушода бо истифодаи таҷҳизоти гардиши хуни сунъӣ (АИК) иҷро карда шуданд, ки ин имкониятҳоро ҳангоми иҷрои ҷарроҳиҳои мушкил дар аснои нуқсонҳои модарзодию дар давоми ҳаёт пайдогардидаи дил зиёд намуданд.
Қобили қайд аст, ки ташаккули соҳаи кардиоҷарроҳӣ пеш аз ҳама бо истифодабарии таҷҳизоти пешрафтаи тиббии ҳозиразамон вобастагии калон дорад. Пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои 90 сари роҳи иҷрои чандин амалиётҳои мушкили соҳаи кардиоҷарроҳӣ ва ҷарроҳии рагҳои хунгардро гирифт. Бояд қайд намуд, ки ба шароити душвори он замон нигоҳ накарда Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро дар соҳаи тибби тоҷик гузошт. Аз ҷониби Пешвои миллат таҷҳизоти ҳозиразамон- комплекси рентгеноангиоҷарроҳӣ, таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ва комплекси лаборатории пешрафтаи замон ба Марказ дастрас карда шуд. Ин иқдом яке аз сабабҳои пешрафт ва ташаккули соҳаи кардиоҷарроҳӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард ва эндоҷарроҳӣ гардид. Ин боис гашт, ки кормандони Марказ ва кафедра амалиётҳои коронарография, ангиографияи селективии рагҳои хунгарди майнаи сар, гурдаҳо, узвҳои ковокии шикам ва андомҳоро ба таври комил дар амал татбиқ намоянд. Стентгузорӣ ба рагҳои коронарӣ ҳангоми бемории ишемиявии дил ва намудҳои гуногуни ангиопластика, ҳангоми иллати окклюзиякунадаи рагҳои хунгард, тармими дефектҳои байни даҳлезҳо ва меъдачаҳои дил бо усули ангиографӣ ба пуррагӣ ба роҳ монда шуданд.
Тадқиқотҳои зиёд оид ба омӯзиш ва муоилҷаи беморони гирифтори перикардити музмин гузаронида шуданд, ки онҳо боиси паст гардидани басомади иҷрои перикардэктомияи субтоталӣ гардиданд. Аз он ҷумла тарзҳои кушодаи дренажкунии перикард ва фенестратсияи торакоскопии перикард ҳангоми перикардити эксудативии шиддатнок ба роҳ монда шуданд.
Дар соли 1985 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ соҳаи ҷарроҳии нав бо истифодабарии технологияи микроҷарроҳӣ ташкил карда шуд. Ташаккули он ва ба роҳ мондани методҳои ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ бевосита ба профессори кафедра Артиков К.П. вобаста мебошад. Артиков К.П. - корманди фахрии соҳаи тиббӣ ҷумҳурӣ, дорандаи ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Номбурда вазифаи мудири кафедраро аз соли 2010 то соли 2018 ба ӯҳда дошт.
Ворид намудани технологияи микроҷарроҳӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ имконияти реабилитатсияи беморонро бо ампутатсияи травматикии андомҳо, осебҳои вазнини панҷаи даст, иллатнокшавии рагҳои хунгард ва торҳои асаб, оқибатҳои сухтагӣ, контрактураҳои андомҳо, оқибатҳои сухтагиҳои руй ва бадан васеъ намуд. Дар амалия ба таври пурра реплантатсияи андомҳои кандашуда, аутотрансплантатсияи комплекси бофтаҳо, намудҳои гуногуни амалиётҳои реконструктивӣ ва тармимӣ дар торҳои асаб, амалиётҳои реконструктивӣ ҳангоми аномалияи ташаккули модарзодӣ ва контрактураҳои посттравматикии панҷаи даст, андомҳо, руй ва бадан татбиқ гардиданд. Ҳангоми осебҳои вазнин ва омехтаи структураҳои андомҳо алгоритми табобатӣ пешниҳод карда шуд, ки ба барқароркунии якмарҳмилагии гардиши хун дар андоми осебдида ва пушидани дефекти бофтаҳои мулоим равона карда шудааст. Ин тарзи муолиҷа сабаби паст гардидани ампутатсияи андомҳо ва дар як марҳила ба сомон расонидани амалиёти ҷарроҳӣ гардид. Дар баробари ин давомнокии реабилитатсия ва басомади маъюбӣ низ басо паст гардид.
Кормандони кафедра ҷонибдори фаъоли принсипҳои миниинвазивии ҷарроҳӣ мебошанд. Бо ворид намудани технологияи эндовидеоскопӣ аз соли 1999 ин ҷониб амалиётҳои гуногун дар узвҳои ковокии шикам ва қафаси сина, фазои паси сифоқ ва узвҳои коси хурд иҷро гардида истодаанд, ки дар иҷрои онҳо низ саҳми кормандони кафедра назаррас мебошад.
Аз соли 2018 инҷониб вазифаи мудири кафедраро доктори илми тиб, дотсент Маликов М.Х. ба ӯҳда дорад, Ӯ пас аз хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Марказ ва кафедра фаъолият намуда истодааст. Номбурда аълочии Вазорати Маориф ва Вазорати Тандурустии Ҷумҳурӣ мебошад.
Кафедра ба донишҷӯёни курси 5 ва 6-уми факултети тиббӣ, курсҳои 5 ва 6-уми факултети педиатрӣ, донишҷӯёни факултети нигаҳдории тандурустӣ ва бакалаврҳои курсҳои 4 ва 5, ординаторҳои клиникӣ, духтурони интерн ва аспирантҳо дониш меомӯзад. Кормандони кафедра дар тули солҳои зиёд 27 мушкилоти калони аҳамияти илмидоштаро ба итмом расонидаанд. Дар кафедра 14 рисолаи докторӣ ва 72 номзадӣ ҳимоя карда шудааст. Бештар аз 2500 мақолаҳо дар маҷаллаҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ нашр гардидаанд. Кормандони кафедра соҳиби 42 патент ва бештар аз 200 пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, 45 дастурҳои методӣ ва 10 китоби дарсӣ мебошанд.
Корҳои кормандони кафедра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба чор нафар корманди кафедра ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 5 нафар ба ҷоизаи комсомоли ленинӣ сазовор дониста шудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php