Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри виҷдон аст
Дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 санаи 8.10.2020 ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мавзӯи “Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амри виҷдон аст» бо иштироки мудири кафедра д.и.т. дотсент Маликов М.Х. ва ассиситентони кафедраи мазкур баргузор карда шуд. Дар ибтидо мудири кафедра қайд намуд, ки боиси ифтихор мо шаҳрвандон мебошад, ки имрӯз мо чунин Пешвои муаззам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро роҳбари менамояд. Ва мо бояд шукр аз он кунем, ки дар як ватани ободу зебо ва озоду амн умр ба сар мебарем. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ободии диёри хеш саҳмгузор бошем. Сипас ассистенти кафедра н.и.т, Каримзода Г.Ҷ. ба сухан баромада қайд карданд, ки дар интихоботи мазкур ба номзади арзанда овоз диҳанд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2