Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3

Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3

Санаи 05.09.19. дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 бо иштироки устодони кафедра, кормандони МД ММТ ҶТ «Шифобахш», корманди шӯъбаи ренгенологии муассиса, ординаторҳои клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯён дар мавзӯи: «Бемориҳои интерстисионалии шушҳо» маҳфили илмӣ-клиникӣ баргузор гардид, ки онро раиси конфронс мудири кафедра Н.И. Мустафақулова бо сухани муқаддимавӣ кушода, оид ба муҳтавои ин маҳфил чанд сухан гуфт.

Сипас мудири кафедра д.и.т. Мустафақулова Н.И. дар мавзӯи: «Ташхиси тафриқавии бемориҳои интерстисионалии шушҳо» баромад кард, дар презентатсия бо нишон додани тағиротҳои хоси рентгенологӣ мавзӯро шарҳ дод. Иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи бемориҳои шуш Мирзоев Ҳотамшо ахборот оиди таърихи бемории бемор, ки гирифтори алвеолити фиброзӣ дар шӯъбаи бемориҳои шуш бистари буд сухан ронд. Баъди ҳамаи маърӯзаҳо мудири кафедра Мустафақулова Н.И. тавсияҳои муфид оиди мавзӯи муҳокимашуда доданд.

Дар рафти конфронс иштирокчиён ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои мушаххас гирифтаанд.

05.09.2019     208

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php