Маҳфили илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

Маҳфили илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон

Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 конфронси ҷамъияти илмии донишҷӯён ва ва олимони ҷавон бо иштироки кормандони кафедра ва МД ММТ ҶТ “Шифобахш”, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курси 6 гузаронида шуд. Маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи “Табобати глюкокортикостероидӣ дар клиникаи бемориҳои дарунӣ”, ки аз тарафи магистри соли 2-юм Файсал Саҳроӣ ва маърӯзаи “Висцеральные поражения при миеломной болезни” аз тарафи докторанти РhД Абдуллаева Ситора пешниҳод гардид, шунида шуд.

Баъди муҳокимаи маърўзаҳо раиси конфронс мудири кафедра, д.и.т., дотсент Мустафакулова Н.И. оиди мавзўи муҳокимашуда тавсияҳои муфид дод.

Маҳфил бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳои пурмазмун анҷом ёфт.

Кафедраи бемориҳои дарунӣ №3

14.09.2020     149

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php