Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3

Конфронси клиникӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3

Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 санаи 21-уми январи соли равон бо иштироки устодони кафедра, кормандони МД ММТ ҶТ «Шифобахш», ординаторҳои клиникӣ, интернаҳо ва донишҷӯён дар мавзӯи «Ҳолатҳои вазнин дар практика дар беморони камхунии гипо- ва апластикӣ ва лейкемия» маҳфили илмӣ-клиникӣ баргузор гардид, ки онро раиси конфронс мудири кафедра Н.И. Мустафоқулова бо сухани муқаддимавӣ кушода, оид ба муҳтавои ин маҳфил чанд сухан гуфт.

Сипас омӯзгори калони кафедра Ҳасанов Ҷамшед Муҳидинович дар мавзӯи «Камхунии гипо- ва апластикӣ. Клиника. Ташхис. Ташхиси тафриқавӣ» баромад кард, дар асоси принсипҳои муосири ҷаҳонӣ ва дохили ҷумҳуриявӣ мавзӯро шарҳ дод. Ассистенти кафедра Кароматова Таҳмина дар маърӯзаи худ оиди таърихи бемории бемор бо ташхиси камхунии гипо- ва апластикӣ, ки дар шӯъбаи гематологӣ бистари буд ахборот дод. Ассистенти кафедра Уроков Комрон дар маърӯзаи худ: «Нейролейкемия» маълумот дод оид ба ин ориза, усулҳои ташхис ва табобат. Мудири шӯъбаи бемориҳои хун Раҳимов Бекназар Раҳмонович ахборот оиди таърихи бемории бемор, ки гирифтори лейкоз бо оризаи нейролейкемия дар шӯъбаи бемориҳои хун бистари буд сухан ронд. Баъди ҳамаи маърӯзаҳо мудири кафедра Мустафоқулова Н.И. тавсияҳои муфид оиди мавзӯи муҳокимашуда доданд.

Дар рафти конфронс иштирокчиён ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои мушаххас гирифтаанд.

23.01.2019     485

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php