Конференсияи клиникӣ
Дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 конференсияи клиникӣ дар мавзӯи “Гемофилияҳо” бо иштироки кормандони кафедра ва МД ММТ ҶТ “Шифобахш”, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курси 6 гузаронида шуд.
Муаллими калони кафедра Шамсов А.Т. дар баромади худ дар мавзӯи “Этиология, патогенези гемофилияҳо” барои ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Аз тарафи духтур Раҳимов М.Т. таърихи беморӣ (ҳодисаи клиникӣ) пешниҳод ва шунида шуд.
Мудири шуъбаи бемориҳои хуни калонсолон, сармутахасиси ВТ ва ҲИА ҶТ Рахимов Б.Р. мавзӯъро хулосабарорӣ намуда, оиди масалаҳои ташхиси пешакӣ ва табобати муосири гемофилияҳо баромад кард.
Конфронс бо баҳсу мунозира ва саволу ҷавобҳои пурмазмун анҷом ёфт.
Мудири кафедра, д.и.т., дотсент Мустафакулова Н.И.