Фаъолияти илмӣ

Дар кафедра имрӯз (2020) дараҷа 36,4% -ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1 профессор, 2 доктори илмҳои тиб, 6 номзади илмҳои тиб; 2 докторанти PhD, 5 довталаб барои номзади илмҳои тиб, 4 магистри хориҷӣ, 36 ординатрҳои клиникӣ, 6 интернҳо.
Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна н.и.т., дотсент – мутассадӣ оид ба илми кафедраи бемориҳои дарунии №3 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра дар соли хониши 2015-2020: «Такмили усулҳои муайянсозии омилҳои хатарноки саририят ва табобати бемориҳои дарунӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Роҳбари мавзӯъ: мудири кафедра д.и.т., дотсент Мустафакулова Н.И.
Самтҳои илмии кафедра:
- «Хусусиятҳои равиши пневмонияҳои беруни беморхонагӣ».
- «Алвеолитҳо».
- «Осебёбии бемориҳои дарунӣ дар лейкозҳои шадид ва музмин».
- «Системаи дилу-рагӣ дар лейкозҳои шадид ва музмин».
- «Нейролейкемияҳо».
- «Осебёбии узвҳои дарунӣ дар норасогии музмини фаъолияти гурдаҳо».
Корҳои илмии кафедра дар 5 соли охир:
Мустафакулова Н.И. – мудири кафедра, д.и.т., дотсент муаллифи 73 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 23 мақолахои КОА, 1 монография, 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошад. Расулов У.Р. – д.и.т., профессор, муаллифи 35 корҳои илмӣ; Ҳоҷиева Г.Б. – н.и.т., дотент, муаллифи 41 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 3 дастурамали методӣ, 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ; Ғаниева М.П. – н.и.т., дотсент, муаллифи 38 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 дастурамали методӣ, 1 пешниҳоди ратсионализаторӣ; Ҷамолова Р.Ҷ. – н.и.т., дотсент, муаллифи 31 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 дастурамали методӣ; Назарова М.К. – н.и.т., дотсент, муаллифи 24 корҳои илмӣ аз он ҷумла 1 дастурамали методӣ; Раҳмонова О.Ҷ. – н.и.т., омӯзгори калон, муаллифи 28 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 дастурамали методӣ; Уроқов К.З. – н.и.т., дотсент, муаллифи 50 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 3 дастурамали методӣ; 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ, Ҳасанов Ҷ.М. – омӯзгори калон, муаллифи 13 корҳои илмӣ, Субҳонова З.И. – омӯзгори калон, муаллифи 14 корҳои илмӣ; Шамсов А.Т. – омӯзгори калон, муаллифи 23 корҳои илмӣ; Шарифов М.М. – омӯзгори калон, муаллифи 23 корҳои илмӣ; Гадоев С.Х. – омӯзгори калон, муаллифи 18 корҳои илмӣ; Баротова Ф.Дж. – омӯзгори калон, муаллифи 24 корҳои илмӣ; Бобиева Н.Х. – омӯзгори калон, муаллифи 23 корҳои илмӣ; Камолова Г.Н. – омӯзгор, муаллифи 18 корҳои илмӣ, Кароматова Т.И. – омӯзгор (унвонҷӯй), муаллифи 35 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 5 мақолахои КОА, Мирзокаримова Н.С. – омӯзгор (унвонҷӯй), муаллифи 37 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 8 мақолахои КОА ва 1 монография; Абдуллоева Д.Ю. – омӯзгор (унвонҷӯй), муаллифи 33 корҳои илмӣ, он ҷумла 5 мақолахои КОА; Мельникова В.Ю. – омӯзгор, муаллифи 3 корҳои илмӣ; Раҳмонов Ҷ.Т. – омӯзгор, муаллифи 11 корҳои илмӣ.
МАХФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШЧӮЁН ВА ОЛИМОНИ ЧАВОН
Кори тадқиқотии маҳфили илмии кафедра таҳти роҳбарии мудири кафедра, доктори илмҳои тиб, дотсент Мустафақулова Н.И. ва шахси мутасадӣ омузгори калон Бобиева Н.Х. гузаронида мешавад.
Ба ҳайати маҳфили илмии кафедра ба ғайр аз донишҷӯён, инчунин аспирантҳо, ординаторони клиникӣ, интернҳо, кормандони то синни 35 сола шомиланд. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи маҳфили илмии кафедра ҷаласаҳои он на камтар аз як маротиба дар ҳар басти ояндаи донишҷӯён гузаронида шуда, шанбеи чоруми ҳар моҳ ба ординаторони клиникӣ ҷудо шудааст. Барои ошно намудани донишҷӯён ва ташфиқу тарғиби маҳфил гӯшаи маҳфил таъсис дода шуда, дастовардҳои маҳфили илмӣ муаррифӣ мешаванд. Ҳамасола дар кафедра 13-15 конфронс бо иштироки 20-30 маърӯзачӣ баргузор гашта, беҳтарини онҳо бо маърӯзаи илмӣ дар конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат меварзанд. Бо натиҷаҳои конфронсҳо тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзномаи «Ворисони Сино» шинос шудан мумкин аст.
14.02.2020     13

Гузариш ба саҳифаи: