Таърихи кафедра

Кафедраи ҷарроҳии факултет соли 1941 дар назди Институти тиббии Сталинобод таҳти роҳбарии профессор Л.A. Баринштейн ташкил карда шуд. Дар давраи ташаккулёбии кафедра асосан фаъолияти таълимиву муолиҷавӣ анҷом дода мешуд. Вазифаи асосии клиникаи ҷарроҳии факултет аз омӯзиши амиқи бемориҳои ҷарроҳии бештар мушоҳидашаванда зимни ҷараёни маъмулии онҳо ва ба донишҷӯ омӯхтани тафаккури клиникӣ дар сари болини бемор ба ҳисоб мерафт. Бо назардошти тахассуси пойгоҳи клиникии кафедра аз соли 1969 ин ҷониб таълими ординаторон оид ба ҷарроҳии таъхирнопазир ба амал оварда мешавад.
Аз соли 1945 таҳти роҳбарии Х.Д. Гаҷиева ҳаҷми фаъолияти илмиву муолиҷавӣ вусъат пайдо кард.
Дар давраи роҳбарии 3. П. Хоҷаев, аз соли 1964, самти асосии таҳқиқоти коллективи кафедра омӯзиши мушкилоти ташхису табобати зарбулати шадиди пӯшидаи косахона ва мағзи сар гардид.
Аз соли 1975 таҳти роҳбарии Ю.И. Дотхоев дар кафедраи ҷарроҳии факултет усулҳои ташхису табобати бемориҳои шадиди узвҳои ковокии шикам таҳия гардиданд.
Аз сентябри сол 1986 то 1990 роҳбарии кафедра ба уҳдаи дотсент П.А. Камилов буд. Кафедра омӯзиши ҷанбаъҳои гуногуни гастроэнтологияи шадиди ҷарроҳиро идома дод.
Аз сол 1992 кафедраи ҷарроҳии факултетро профессор Т.Г. Гулмурадов роҳбарӣ менамуд. Коллектив таҳти роҳбарии ӯ таҳияи мушкилоти мубрами ҷарроҳии таъхирнопазир, хусусан ҷарроҳии гематологиро идома медод.
Кафедраро аз сол 2004 академик, арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶТ, д.и.т., профессор Қурбонов К.М. роҳбарӣ менамуд. Самти асосии фаъолияти илмии кафедра ҷарроҳии таъхирнопазири узвҳои ковоки шикам, колопроктология таъхирнопазир ба шумор мерафт. Кормандони кафедра болои таҳияи лоиҳаи нави илмӣ таҳти унвони «Ҷарроҳии мавзеи гепатопанкреатобиллиарӣ ва коллопроктологияи таъхирнопазир» фаъолият намуданд.
Соли 2017 мудири кафедра д.и.т., профессор Назаров Шоҳин Қувватович таъйин гардид. Имрӯзҳо дар кафедра академики АИТТ ҶТ, д.и.т., профессор Қурбонов К.М.; д.и.т., дотсент Маҳмадов Ф.И.; н.и.т., дотсент Холматов П.К.; н.и.т., дотсент Сараев А.Р., н.и.т., дотсент Ғуломов М.Ш. кору фаъолият доранд. Ба сифати ассистент дар кафедра н.и.т. Сайдалиев Ш.Ш., н.и.т. Рузибойзода К.Р., н.и.т. Ализода С.Г., н.и.т. Назаров Х.Х., н.и.т. Ҷонов Б.Н., н.и.т. СобировА.Ҷ., н.и.т. Ворисов А., Фақиров Х.З. ва н.и.т. ДавлатовҶ.Ё. кор мекунанд.
Кормандони кафедра рӯйи мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии «Ташхис ва муолиҷаи ҷарроҳии перитонити интишорёфта» фаъолияти илманҷом медиҳанд.
Кафедра ҳамеша ба муассисаҳои нигоҳдории тандурустии кишвар ёрии шефӣ-машваратӣ мерссонид ва онро имрӯз ҳам идома медиҳад. Илова бар ин, ба дармонгоҳҳои ш. Душанбе ба таври системавӣ ёрии машваратӣ расонида мешуд. Аз ҷониби кормандони кафедра ҳамасола ба амалияти тандурустии кишвар усулҳои нави ташхису муолиҷа (эндоскопияи ташхисӣ ва ҷарроҳӣ, гемосорбсия, лимфосорбсия, ТМР, ташхиси ТУС ва як зумра дигарҳо) татбиқ мешавад. Инчунин кафедра дар ҷумҳурӣ маркази таълимӣ-методӣ оид ба ҷарроҳии таъхирнопазири узвҳои ковокии шикам ба шумор мераад, ки дар ординатура, курсҳои такмили ихтисос зиёда аз 700 табибон-ҷарроҳони баландихтисосро тарбия намудааст.
Кафедра ташкилкунандаи як зумра конфронсҳои илмӣ-амалӣ, съезди ҷарроҳони Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба ҳисоб меравад, кормандони он иштирокчиёни аксари конференсияҳои байналмилалӣ оид ба ҷоғари эндемӣ, бемориҳои санги пешоб, ҷарроҳии таъхирнопазири узвҳои ковокии сина ва нейроҷарроҳӣ мебошанд.
11.02.2020     11

Гузариш ба саҳифаи: