Таърихи кафедра


Кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои донишомӯзии донишҷӯён ва ташаккули илми бехдошт нақши муҳимеро мебозад.
Кафедраи мазкур соли 1941 ташкил ёфтааст. Аз 27 сентябри соли 1941 то 10 феврали 1946 роҳбарии онро профессор Федор Андре-евич Баштан бар уҳда дошт. Таҳти роҳбарии он кормандони кафедра оид ба оби ошомиданӣ, таъмин намудани ҷойҳои аҳолинишини мар-думи Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расонидаанд.
Аз моҳи сентябри соли 1946 ба вазифаи мудири кафедраи гиги-ена ва экология номзади илми тиб, дотсент Вольф Бахурович Хазан интихоб гардид. Дар тӯли фаъолияти хеш номбурда тарзу усули гуза-ронидани машғулиятҳои амалиро миёни донишҷуён сифатан хело беҳтар намуд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотиро доир ба омӯзиши патологияи кишвари Тоҷики-стон, таҳия кунад ва дар мавриди паҳншавии бемории ҷоғар, роҳҳои пешгирии он таҳқиқот гузаронад.
Аз 25 августи соли 1948 то 11 марти соли 1956 роҳбарии кафед-раро номзади илми тиб, Валентин Анатольевич Серебряков, ки ҳам-замон директори донишкадаи эпидемиология, микробиология ва са-нитарияи Тоҷикистон буд ба уҳда дошт. Замони роҳбарии Серебряков В.А кормандони кафедра ба омӯзиши проблемаи бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии Точикистон машғул гардиданд.
Аз соли 1956 то 1968 ба кафедра Софья Самойловна Динкелис номзади илми тиб роҳбарӣ намуд. Хонум Динкелис С.С. соли 1966 рисолаи докториро дар мавзӯи «Омилҳои заҳролудшавӣ дар конҳои истехроҷи маъдании Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ташаккули пневмосклерози касбӣ» дифоъ намуд. С.С. Динкелис муаллифи зиёда аз 16 кори илмӣ ва 2 мақолаи тарғиботӣ доир ба масъалаҳои беҳдошти саноат мебошад.
Аз соли 1968 номзади илми тиб, дотсент Наталя Владимировна Кузнетсова, ки аз соли 1950 ассистенти кафедра буд, ба ҳайси мудири кафедра интихоб гардид. Мавзуи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиаш ба беҳдошти маводи хӯрокворӣ бахшида шуда буд. Н.В. Кузнецова таҳти унвони «Афзоиши мавсими ва мавҷудияти кислотаи аскорбинат дар таркиби маҳсулотҳои растанӣ ва шири гов дар ҷануби Тоҷики-стон» рисолаи номзади дифоъ намуда, зиёда аз 24 кори илми таҳия ва чоп намудааст.
Муддати 14 сол, аз соли 1973 то соли 1987 роҳбарии кафедра ба дӯши Ахмет Маматович Юсупов буд. Ҳангоми роҳбарии ӯ корҳои зи-ёди илмӣ-педагогӣ доир ба низоми муайян даровардани истифодаб-арии заҳрҳои зидди ҳашароти зараровар дар шароити кӯҳистон амалӣ гардиданд. А.М. Юсупов соли 1983 дар мавзӯи «Ба низом дарории беҳдоштӣ ҳангоми хуруҷи заҳрҳои зидди ҳашароти зараровар ва ги-поксия» рисолаи докториро ҳимоя намуд.
Аз соли 1987 то соли 2015 роҳбарии кафедра ба зиммаи доктори илмхои тиб, профессор Бобоев Абдунаим Бобоевич вогузор карда шудааст. Таҳқиқотҳои илмии профессор Бобоев А.Б. ба мавзӯъҳои мубрами соҳа бахшида шудаанд. Яке аз хизматҳои шоён ва арзандаи устод ин асос гузоштан ба мактаби беҳдоштшиносони тоҷик мебошад. Дар ин муддат кафедра ба маркази асосии тайёр намудани мутахасси-сони баландпояи соҳа мубаддал гашт. Профессор Бобоев А.Б. мулли-фи 4 монография ва қариб 400 кори илмӣ, зиёда аз 30 илмӣ-методӣ ва 4 китоби дарсӣ: «Беҳдошт» (1995), «Дастур барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни бехдошти умумӣ» (1998), «Общая гигиена» (1998) ва «Общая гигиена» (2008) нашри 2-юм илова ва аз нав кор карда баровардашуда мебошад. Таҳти рохбарии Бобоев А.Б. 3 док-тор ва 28 номзади илмҳои тиб рисолаҳо химоя шудаанд.
Таҳқиқотҳои илмии профессор А.Б.Бобоев асосан оид ба ҳал-ли масъалаҳои беҳтар намудани шароит ва беҳдошти меҳнати корга-рон дар вақти кор дар иқлими Тоҷикистон равона шудаанд.
Аз соли 2015 роҳбарии кафедра ба зиммаи н.и.т., дотсент Ҳасанов Фарҳод Ҷавакович вогузор карда шудааст.
Дар кафедра д.и.т., профессори кафедра Бобоев А.Б., н.и.т., дот-сент Одинаева Л.Э., н.и.т., дотсент Мақсудова З.Ё., н.и.т., саромӯзгор Норматова С.И., ассистентҳо Уралов З.Т., Ҳаётов Р.М., Ҷумаева М.И., Тулохов А.Л., Қурбонов С.Р., Нушервони Билол, ҳамкорон: н.и.т., Раҷабов Р.М. ва Акобиров И. кор ва фаъолият бурда истода-анд. Солҳои тӯлонӣ дар кафедра Новичкова Г.И., Ниёзмухамедова М.Б, Фирстова С.Н, Параева И.И, Тен И.И, Сергеев Д.Ю, Пиров Д. Д, Хайров Х.С., К.Н.Дабуров, А.К.Каюмов, Ахмедова А.Р., Мухамадие-ва С.А. ва Ашурова Т.А., Сайфуллоев Ҷ.Н. кор ва фаъолият бурдаанд.
Айни замон дар кафедра аспирант (PhD) Қурбонов С.Р. ва Ну-шервони Билол, докторант Юсупов З.Я. таҳсили худро давом дода истодаанд.
Ба ҳамин минвол, илми беҳдошт ҳамчун як қисмати ҷудонаша-вандаи соҳаи тандурустӣ роҳи дурударози инкишофро тай намуда, дар ин муддат ҳамчун як ҷузъи муҳим ба илми профилактикии амал-кунанда ташаккул ёфт.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php