Таърихи кафедра

Кафедраи анатомияи патологӣ дар соли 1939 ташкил карда шудааст. Сараввал мудирии кафедраро д.и.т., профессор Сиповский Пётр Василевич ба уҳда гирифт ва аз соли 1939 то 1947 фаъолият намуда бо масъалаҳои ҷоғари эндемикӣ кор мебурд. Дар таҳти роҳбарии ӯ дар ҷумҳурӣ якумин маротиба лабораторияи гистологӣ ташкил карда шуд.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ таи солҳои 1947-1949 д.и.т., профессор Савин К.Н дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуд.
Солҳои 1950-1957 профессор Гулкевич Юрий Владимирович мудири кафедра буданд, бо проблемаҳои терратология ва мурдатаваллудшавӣ машғул буданд.
Аз соли 1958 то соли 1964 кафедраро д.и.т. Монастырская Белла Иосифовна роҳбарӣ намуд. Ӯ бо масъалаи тағйиротҳои аденогипофиз ҳангоми ҳомиладорӣ, стресс, тасири нурҳои рентгенӣ дар шароити баландкуҳӣ машғул буд.
Аз соли 1964 то соли 1966 Смоличева Елена Петровна ҳамчун мудири кафедра фаъолият намудааст. Таи солҳои тулонӣ (1966-1995) кафедраро д.и.т. профессор Савина Раиса Ивановна роҳбарӣ намуд. Ҳолатҳои морфофунксионалии ғадудҳои дарунӣ дар патологияҳои гуногун омухта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ғадудҳои дарунӣ дар тасири гуморалии узвҳо, бофтаҳо ва ҳуҷайраҳо роли асосиро мебозанд. Дар натиҷа сохтори морфологии ғадудҳои тарашшуҳи дарунӣ аз ҳолати организм, ки онро ғадудҳо танзим менамоянд, вобастагӣ дошта ба принсипӣ алоқаи баракс итоат менамояд.
Аз соли 1995 то соли 2007 н.и.т. Наутдинова Н.В, кафедраро роҳбарӣ намуд. Коркунони кафедра таҳқиқотҳои комплексии ғадудҳои тарашшуҳи даруниро дар ҳолати патологияи перинаталӣ мегузарониданд. Давраи перинаталӣ, хусусан таваллуди фарзанд ва рӯзҳои аввали ба дунё омадан яке аз давраҳои вазнинтар буда, дар оянда зинда мондани кӯдакро ҳал менамояд. Системаи эндокринӣ дар мутобиқгардии навзод дар шароити нави зиндамондан роли асосиро мебозад. Исбот гардидааст, ки ҳангоми асфиксия дар ғадудҳои тарашшуҳи дарунӣ дар мадди аввал вайроншавии микросиркулятсия ба монанди стаз, пурхунӣ, диапедези эритроситҳо, хунрезишҳои периваскулярӣ, сладж–синдром мушоҳида мегардад. Тағйиротҳо дар ғадудҳои болои гурда ба намуди кашишхурии капиллярҳои синусоидӣ зуҳурот мегардад.
Солҳои 2007-2011 д.и.т. Ибодов С.Т. кафедраро роҳбарӣ намуд. Дар ин давра коркунони кафедра бо омӯзиши сохтори морфологии ҳосилаҳои лимфоидии узвҳо дар меъёр ва дар патология дар давраи постнаталӣ машғул буданд. Мавзӯъи рисолаи доктории профессор ИбодовС.Т. “Тавсифи сохтори дастгоҳи ғадудӣ ва лимфоидии рӯдаи дувоздаҳангуштаи каломушҳо дар таҷриба дар зери тасири сармо дар шароити баландкӯҳӣ”. Исбот карда шудааст, ки дастгоҳи ғадудии рӯдаи дувоздаҳангуштаи одам ва рӯдаи борик тағйирпазирии зиёддоранд. Ғадудҳои дуоденалӣ бо микдори 300 - 680 дар қисми проксималии каҷии рӯдаи дувоздаҳангушта ва рӯдаи борик ҷойгиранд. Қисмати аввали онҳо (аз 1 то 6) махсусан дар пардаи зерлуобӣ, дар қисми болоии рӯда “майдони” яклухтро ташкил мекунанд. Андоза, миқдори ғадудҳои дуоденалӣ ва ғадудҳои рӯдавӣ аз намуди топографию анатомии рӯда вобастагӣ надорад. Ҳангоми таваллуд шудани кӯдак аллакай ғадудҳои дуоденалӣ ва рӯдавӣ аз рӯи сохт ташаккул ёфтаанд. Миқдор ва андозаи ингуна ғадудҳо дараҷаи баландро дар синни 22 -35 солагӣ соҳиб мегарданд, баъд тағйиротҳои инволютивӣ оғоз мегарданд. Ҳосилаҳои лимфоидии рӯдаи 12-ангуштаи одам (бофтаи диффузии лимфоидии гиреҳчаҳои лимфоидӣ бо марказҳои тақсимшавӣ) асосан дар наздикии ғадудҳои дуоденалӣ ва рӯдавӣ ҷойгир мешаванд. Бофтаи лимфоидӣ дар девори рӯдаи 12-ангуштаи одам инкишофи максималиро дар синни бармаҳали кӯдакӣ дорад. Дар минтақаҳои сфинктерии рӯдаи 12 ангушта (постпилорикӣ, перифатералӣ ва сфинктерҳои дуоденалию рӯдаи борик) дар давоми тамоми давраи онтогенези постнаталӣ зиёдшавии миқдор ва дарозии гиреҳчаҳои лимфоидӣ, миқдори ғадудҳои дуоденалӣ ва ғафсии қисми аввали онҳо, нисбати минтақаҳои девораи дар паҳлӯ ҷойгиршудаи рӯда, мушоҳида мегардад. Дар зери тасири омилҳои баландкӯҳӣ дар девори рӯдаи дувоздаҳангуштаи каломушҳо кутоҳгаштани дарозӣ, ғафсии қисмати саршавии ғадудҳои дуоденалӣ, васеъшавии маҷрои барориши онҳо дида мешавад.
Аз моҳи сентябри соли 2011 то соли 2012 н.и.т. Боронов Ҳ.А. кафедраро роҳбарӣ намуд. Мавзӯъи рисолаи номзадии ӯ “Тавсифи морфологии ҳосилаҳои лимфоидии ғадудҳои талхадони одам дар меъёр ва патология” дар соли 2009 ҳимоя гардид. Ҳангоми таҳқиқот муайян гашт, ки девори талхадони одамони синну солашон гуногун сохторҳои лимофидии инкишофёта доранд, ки бисёртар дар лавҳачаи хусусии пардаи луобӣ ҷойгиранд. Ҳосилаҳои лимфоидии талхадон ҳамчун бофтаи лимфоидии диффузӣ ва гиреҳчаҳои лимфоидӣ бе марказҳои инкишоф аён мегарданд. Таркиби ҳуҷайравии бофтаи лимфоидии диффузӣ ва гиреҳчаҳои лимфоидии девори талхадон якхела ва бо лимфоситҳои майда, миёна ва калон, лимфобластҳо, макрофагҳо, ҳуҷайраҳои бо тарзи митоз тақсимшуда аён мегардад. Сохти ғадудҳои талхадон, тавсифи морфометрии онҳо вобаста аз синну сол ва анатомия гуногун мебошанд. Фарқияти инфиродии андозаи ғадудҳо дар синни пиронсолагӣ барало намудор аст. Дар талхадони навзодон дар ҳолати атрезияи маҷрои талхадон нисбат дар меъёр тағйироти калон- ба монанди паҳнӣ, дарозии қисмати аввали маҷро, миқдор дида мешавад.
Дар соли 2012 бо қарорӣ Шӯрои олимони ДДТТ ба номи Абӯали Сино кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ якҷоя карда шуданд ва мудири кафедра д.и.т. Хушқадамов З.Қ. интихоб гардид. Коркунони кафедра масъалаҳои тағйиротҳои узвҳоро ҳангоми осебҳои сухта омӯхтанд.
Аз моҳи августи 2016 сол бо қарори Шӯрои олимон н.и.т. дотсент Шарипов Ҳ.Ю. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда гирифт ва моҳи сентябри соли 2018 аз рӯи озмун ба ин вазифа интихоб гардид.
Ҳоло дар кафедра 17 нафар коркунони асосӣ ва 6 нафар ҳамкорон фаъолият менамоянд. Устодони асосии кафедра: мудири кафедра н.и.т., «Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шарипов Х.Ю.; муаллими калонТағойкулов Э.Х., ассистентон – Салимова Н.К., Мирзоева С.Р., Масаидова Л.В.,Курбонова И.Ш., Давлатова Ш.Х., Рахмонова М.К., Аскарализода Ф., Имомназарова Н.А., Ахмедова Р.Р., Козлова Т.Ю., Махмадалиева Г.С., Абдуллоева Ф.Р., Гадоева М.А., Сангова Ф. Р., Мавлонов М.А., ҳамкорон: Ёров С., Ҷураев О.С., Хабирова С.З., Хафизова А., Фозилов А, Алматова Г.; лаборантҳоГирдакова Х, Табарова П.
13.02.2020     67

Гузариш ба саҳифаи: