Паём- сармашқи кори мо!
Кулли мардуми Тоҷикистон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бурда, онро ҳама тарафа меомӯзанд. Коллективи кафедраи анатомияи патологӣ низ мувофиқи нақша ҳангоми гузаштани машғулиятҳо дар ҳама гурӯҳҳо бо донишҷӯён ҷабҳаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонида, донишҷӯёнро барои хондани китобҳои бадеӣ, забонҳои хориҷӣ, мутахассиси хуб шудан даъват намуданд.
Дар аксҳо мудири кафедраи анатомияи патологӣ Шарипов Ҳ.Ю. ва ассистент Козлова Т.Ю. ҳангоми сӯҳбат бо донишҷӯёни курси 3-юм.
07.02.2020
393