Корхои табобати-машваратии

Кормандони кафедра ёрии табобатию машваратиро дар пойгоҳи клиникӣ: ТШ №2 гузаронидаанд. Пойгоҳи клиникӣ дорои 130 кат буда, дорои 6 шӯъба мебошад. Дар кафедра 15 нафар кормандон, 13 нафар кормандони асоси ва 2 нафар ҳамкор кор мекунанд. Аз онҳо панҷ номзади илми тиб кор мекунанд, ки дар шӯъбаҳо ҳамчун машваратчӣ тақсим карда шудаанд. Мудири кафедра ва номзадони илмҳои тиб маҷлисҳои пагоҳирузиро бо иштироки табибони таваллудхона гузаронида, ба бемороне, ки дар ҳолати вазнин дар шӯъбаҳо бистарӣ мебошанд машварат гузаронда, маслиҳатҳои лозимаро пешниҳод менамоянд.

Мудири кафедра машваратчии шӯъбаи валодатгоҳ буда, ассистентони кафедра, номзадҳои илми тиб Хокироева М.С. дар шуъбаи баъди валодат, Ниёзова Р.Ҳ. дар шуъбаи гинекология, Шукурова З.Т. дар шуъбаи эҳьё, Холова Ш.И дар шуъбаи нигоҳубини ҳомиладорон машваратчиёни ин шуъбаҳо мебошанд. Аз тарафи онҳо беморони ҷолиби диққат муоина карда шуда ва тавсияҳо дода мешавад, аз рӯи нақшаи тартибдодашуда гардишҳо дар шуъбаҳо гузаронида мешавад.

Мудири кафедра ва машваратчиён назорати воридшавии стандартҳои милли дар шуъбаҳо мебаранд. Мудири кафедра ҳамчун машваратчии шуъбаи гинекология кормандони таваллудхонаро бо техникаи ҷарроҳии ампутатсияи болоимаҳбалии бачадон, кольпоперинеоррафияи пешу қаафо омузонда шудааст. Кормандони кафедра усули ҷарроҳии бурриши кесариро бо тарзи Старкоро дар таваллудхона ворид намуданд.

Инчунин кормандони кафедра таҳлили фавти перинаталӣ ва модариро дар таваллудхона гузаронида, тавсияҳои худро оиди паст кардани фавтҳои мазкур пешниҳод мекунанд. Аз тарафи кормандони кафедра ёрии машваратӣ ба 6 марказҳои солимии репродуктивии вобасташуда расонида мешавад.

Ду соли охир тамоми кормандони кафедра ёрии сарпарасторию машваратии худро дар шӯъбаҳои таваллудии ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ ва ду ноҳияи дурдаст иҷро мекунанд. Аз тарафи онҳо ҳар моҳ ба ин ноҳияҳо ташриф оварда мешавад ва бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши онҳо машғулиятҳо ва машваратҳо гузаронда мешавад.

Фаъолияти муолиҷавию машваратии кафедра бо чунин тартиб пеш бурда мешавад:

Ташхис ва табобати беморон.

Иштирок ва гузаронидани ҷаласаҳои пагоҳирӯзӣ.

Таҳлил ва ташхиси беморони вазнин.

Гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ (аз рӯи нақша).

Гардиши мудири кафедра, д.и.т., профессор ва номзадҳои илми тиб дар шӯъбаҳо (аз рӯи нақшаи тартибдодашудаи гардишҳо).

Муоинаи ҳамарӯзаи беморони вазнин аз тарафи мудири кафедра, д.и.т., профессор.

Мудири кафедра машваратчии ғайривоҳидии ВТ ҲИА ҶТ дар муддати 5 соли охир буданд.

Ёрии сарпарасторию машваратии кормандон дар шӯъбаҳои таваллудии ноҳияҳо.

Иштироки кормандон дар «Корвони саломатӣ»

Дар давраи ҳисоботи ба ҳисоби миёна аз тарафи кормандони кафедра 9689 бемор табобат гирифта, ба 4560 нафар ёрии машваратӣ гузаронда шудааст.

Кормандони кафедра дар кори «Корвони саломатӣ» фаъолона иштирок карданд. Дар давраи ҳисоботи мудири кафедра ва ассистентон, н.и.т., Хокироева М.С., н.и.т., Ниёзова Р.Ҳ, н.и.т., Шукурова З.Т., н.и.т., Холова Ш.И., ассистент Пирова М.Г дар дохили гуруҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҲИА ҶТ ба вилояти Хатлон, вилояти Бадахшони кӯҳи, шаҳри Кулоб, ноҳияи Лахшт якчанд маротиба сафари хизматӣ доштанд. Ҳангоми ин ташрифҳо зиёда аз 1000 беморонро муоина кардаанд.

Дар пойгоҳи клиникӣ аз тарафи кормандони кафедра семинарҳо бо кормандони таваллудхона гузаронида шудааст.

Инчунин кормандони кафедра дар коркарди 34 стандартҳои миллӣ оиди акушерӣ ва гинекология иштирок намудаанд, ки барои ин хизматҳои шоистаашон «мактуби миннатдорӣ» доранд.

Аз ҷадвал чунин бармеояд, ки 100% кормандон дараҷанокӣ доранд. Аз онҳо 53,3% -и кормандон тахассуснокии дараҷаи олӣ доранд. Ду корманди кафедра Аълочии тандурустӣ мебошад.

    15

Гузариш ба саҳифаи: