Таърихи Факултети стом

Факултет соли 1977 таъсис дода шудааст. Дар чор даҳсолаи гузашта зиёда аз 2,5 ҳазор мутахассисони баландихтисоси табибон-стоматологҳо барои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ омода карда шудаанд.
Қабул ҳар сол ба факултети стоматологӣ 110-120 нафарро ташкил медиҳад.
Шакли тахсил дар факултет рўзона, давомнокии тахсил панҷ сол мебошад. Хатмкунандагони факултет тахассуси табиб-стоматологро мегиранд. Баъдан онҳо таҳсилоти баъдидипломиро дар интернатура гирифта, баъди хатми он дорои ихтисоси асосии табиб-стоматолог мегарданд. Дар оянда дар ординатураи клиникӣ таҳсил намуда аз рўйи ихтисосҳое, ки таҳсили амиқро талаб менамояд: стоматологияи муолиҷавӣ, стоматологияи ортопедӣ, стоматологияи ҷарроҳӣ, стоматологияи кўдакон, ҷарроҳии ҷоғу рўй ва ортодонтия. Маркази омодасозии кадрҳои стоматологӣ клиникаи стоматологии донишгоҳӣ – маркази таълимию клникии «Стоматология» мебошад, ки аз соли 2007 ҳамчун пойгохи табобатӣ барои се кафедраи ихтисосии факултет ба фаъолият карда, инчунин маркази илми-методӣ ва табобатӣ-маслихатии стоматологӣ ба хисоб меравад.
Таҳсили омодагии мутахассисони оянда дар чор кафедраҳои тахассусии зерин аз тарафи омўзгорони ботаҷриба - докторон ва номзадони илмҳои тиб тибқи талаботи педагогикаи муосир амалӣ карда мешавад:
1. стоматологияи муолиҷавӣ,
2. стоматологияи ортопедӣ,
3. стоматологияи кўдакона ва ортодонтия,
4. ҷарроҳии ҷоғу рўй
Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён дар пойгоҳи МТК Стоматология, инчунин дар ҳуҷраҳои шўъбаҳои стоматологии давлатӣ ва ғайридавлатии ш. Душанбе мегузаранд.
Роҳибарияти донишгоҳ, факултет ҳайати педагогии кафедраҳои тахассусӣ кўшиш менамоянд, ки ҳар як хатмкунанда дар ҳаҷми пурра малакаҳои касбии навинро, ки барои фаъолияти табиб стоматологи ҳозиразамон зарур мебошад аз худ намояд.
Донишҷўёни факултети стоматолоӣ ҳар сол фаъолона дар конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷўён иштирок менамоянд.
11.12.2018     8

Гузариш ба саҳифаи: