Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика

Рӯзи 15 – уми марти соли равон дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика бо ибтикори мудир ва устодони кафедра чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва иҷроиши «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ» баргузор гашт. 

Дар чорабинӣ донишҷӯёни курсҳои гуногуни факултетҳои донишгоҳ маърӯза ва стенду видеороликҳо дар мавзӯъҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист пешниҳод намуданд. Аз байни бештар аз 40 нафар иштирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур донишҷӯи курси 1 – уми факултети фармасевтӣ Мамадҷонов Дадомиддин бо пешниҳоди баромади стендии худ дар мавзӯи «Истифодаи дурусти растаниҳои шифобахш – кафолати солимии ҷомеа» иштирок намуда, сазовори ҷойи 1 – ум гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравии омоданамудаи масъулини чорабинии мазкур ва «Раҳматнома» - и садорати факултети фармасевтӣ сарфароз гардонида шуд. 

Садорати факултаи фармасевтӣ


08.04.2019     7

Гузариш ба саҳифаи: