Забони тоҷикӣ-бақои фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик!

Забони тоҷикӣ-бақои фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик!

Забони тоҷикӣ дар даврони таърихи тӯлонии халқи тоҷик нишонаи гӯёи ҳастии миллат ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадманди тоҷик будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд. Дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз зарарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва фарҳанги миллӣ метавонад моро аз раванҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дорад. Забон рукни муҳим дар ҳувияти миллист. Пас мебояд дар шароити ҷаҳонишавӣ, дар муқобили тӯфони он истодагарӣ намуда, забони тоҷикиро, ки аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ барои кишвари мо маҳсуб мешавад, ҳифз намоем.

Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мешавад, пеш аз ҳама аз падару модарон ва омӯзгорон ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти томро дар тарбияи наслҳои бомаърифату забондон тақозо менамояд. Месазад таъкид кард, ки дар баробари рушду такомули забони давлатӣ имрӯз дар мамлакат шароити беҳтарини азхуднамоии забонҳои хориҷӣ низ фароҳам оварда шудааст. Дар омӯзиши забони модарӣ аз ҷониби насли наврас масъулияти падару модар, бахусус масъулияти модарон хеле бузург аст. Кӯдак сухани нахустинро аз модар меомӯзад ва ҳамеша ба кӯмаку роҳнамоии модар ҳамчун мураббии худ ниёз дорад.

Бахти миллати тоҷик дар масъалаи забон аз ҳама бештар дар солҳои соҳибистиқлолӣ баландӣ кард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушду такомул ёфт. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мубаддал гардидааст.

Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад. Бо ин забон шоирону нависандагон, олимону орифони бузурги миллати мо-Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдию Ҳофиз, Синою, Ҷомӣ, Донишу Айнӣ, Лоҳутию Турсунзода ва даҳҳову садҳо равшанфикрони миллат асарҳо эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ таърихи тулонӣ дорад, бо хату адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардидааст ва дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми босазо дорад. Вақте таърихи забони ноби тоҷикиро варақ мезанем, мебинем, ки он дар тули асрҳо марҳилаҳои гуногунро гузашта, бо шаҳомати худ солиму бегазанд то замони мо расидааст. Пас, вазифаи мо ин аст, ки забони тоҷикиро ҳамчунон солиму бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


04.10.2021 40